Таджикский педагогический институт в Пенджикенте

Тоҷикистонро дигар қисмат макун!

Мерасад марде, ки занҷири ғуломон бишканад,

Дидааш аз равзани девори зиндони Шумо.

Муҳаммад Иқбол

Миллате, ки таърихи гузаштаи худро фаромӯш мекунад, ба қавли нависандаи машҳури қирғиз Чингиз Айматов манқурт аст. Ҳақ бар ҷониби Пешвои миллат аст, ки дар масъалаи шинохти асолати миллат ва арзишҳои таърихию фарҳангии он ҳамеша пешгому собитқадам буда, мефармоянд: «Ғояҳои ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, эҳтироми анъанаву суннатҳои фарҳанги миллӣ ҳама якҷоя қисми таркибии сиёсати мо оид ба таъмини амният, таҳкими истиқлолият ва давлатдории миллӣ мебошанд» (Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих», китоби сеюм, саҳ 43). Барои шинохти ҳақиқати таърихӣ, воқеаву ҳодисот, ноадолативу нодидагирифтанҳо, хиёнату дасисаҳои ноҷавонмардонаи ҳаммилатону бегонагон дар ибтидои садаи ХХ китоби таърихӣ, ҳуҷҷатию ҳақиқатнигоронаи олими варзида, таърихшиноси мумтоз, академики илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Масов «Таърихи табартақсим» (Ирфон 1991, 192 саҳифа) маводест хело нодир ва арзишманд.

Ин асари бебаҳо дамронаю бебокона бо дарду ҳасрати фаровон навишта шуда, баёнгари розу ниёз ва дасткӯтоҳии миллат дар назди ҷабри тоҷикситезии пантуркистону гумроҳии сиёсатмадорони тоҷики солҳои 20-ум ва сиёсати якравонаи болшевикон буд, ки натиҷаи он то имрӯз дилҳоро реш, хирадро тира ва пайкари миллатро абгор намуда. Заҳматҳои ҷонфидоёнаи ин олими миллатдӯсту ватанпарвар ва ҳақиқатнигор аз ҷониби Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ гардид.

Дар замони истиқлол, ки имконот, озодии баён муҳайёст, зарур аст ҳама мардум аз боғча то донишгоҳ дар шохаҳои ҳокимияти давлатию қудратӣ бо дониши мукаммали таърихӣ аз ҳақиқати фоҷиаи бар сари миллат дар ибтидои садаи ХХ ва ХХ1 омада огоҳ бошанд, то дӯстону душманони дар бағал санги кин доштаи худро бишносанд.

Гар бар саҳфаи таърих нигарем , «Таъсисёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон дар қаламрави Бухорои Шарқӣ сарфи назар аз иштибоҳоти марзӣ ва маҳдудкунии ҳуқуқӣ халқиятҳои тоҷиктабори кишварҳои ҳамсоя барои пайвастани миллати тоҷик ба решаҳои куҳнаи таърихӣ ва ташаккули шакли нави давлату давлатдории онҳо мусоидат намуд»(Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих», китоби сеюм саҳ 32)

Табари аввалинро дар тақсими нодурусти ҳудудҳои Осиёи Миёна пантуркистон ба дастони Абдулло Раҳимбоев, ки котиби аввали К.М Туркистон буд заданд.

Дигар табардасти нотавонбин Файзулло Хоҷаев буд, захма бар решаҳои фарҳангӣ, марзию маъмурии миллат зада, мавҷудияти тоҷиконро танҳо дар минтақаҳои кӯҳистони Масчоҳу Ғарм  ва Қаротегин баён дошт ва натиҷа он шуд, ки дар ҳудуди Осиёи Миёна бо тасдиқи бюрои иҷроияи КМҲК Бухоро ду ҷумҳурии иттифоқӣ: Ӯзбекистон ва Туркманистон ташкил гардид. Бадбахтона, ин табарзаниҳои ноҷавонмардона бо дастони фурӯхташудагоне чун Абдулло Раҳимбоев ва чанде дигар буд, ки барои тоҷикон вилояти автономӣ, баъдан чун ҷумҳурии автономӣ дар ҳайати Ӯзбекистон ташкил намуданд. Зарбаи ҷонкоҳ ба маънавиёти тоҷик таблиғоти ифротиҳои пантуркист дар матбуоти он даврон буд, ки натанҳо мардуми авом, балки чандин адибону сиёсатмадорони тоҷикро ба гумроҳию душманӣ бар зидди миллати худ бурд. Осори таърихию адабӣ, фарҳангию ахлоқи яксара сӯхтаю нобуд ва нобиғагони миллат моли миллати дигар гардонида мешуд.

Устод Айнӣ дар «Намунаи адабиёти тоҷик», кори як Академияи илмҳоро намуда, осори адабию фарҳангии миллатро ҷамъоварӣ карда, бузургони гузаштаро соҳибӣ намуд. Баъди пошхӯрии давлати собиқи шӯравӣ, соли 1991 Тоҷикистон истиқлолият ба даст овард, ки ин падидаи нек бори дигар душманони миллатро нороҳат  кард ва оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар аланга зад.

Ин ҷанги бемаънӣ саросари Тоҷикистонро фаро гирифт. Халқи азияткашидаи тоҷик боз ба вартаи яъсу ноумедӣ ва парокандашавӣ дучор гардид. Баъди азобу шиканҷаҳои зиёд хиради азалии халқи тоҷик боло гирифт. Бо ҷаҳду талошҳои фарзанди фарзонаи  миллат Эмомалӣ Раҳмон 27-уми июни соли 1997 Созишномаи сулҳ ба имзо расид. Имрӯзҳо Тоҷикистон ба қатори давлатҳои рушдёфтаистода шомил гардид.

Ҳамчун давлати соҳибистиқлол демократию ягона шинохта мешавад.

Дастовардҳо ва дигаргуниҳои азими Ҷумҳурии Тоҷикистонро имрӯз халқи тоҷик бо чашмони худ дида истода, ба қадри меҳнати Пешвои миллат ва халқи сарсупурдаи худ мерасанд. Дар марҳилаи ҷаҳонишавӣ ташкилоту ҳаракатҳои миллатгаро, мазҳабию тундгаро аз бехабарии насли ноогоҳ истифода намудан мехоҳанд, ки дар ин бора Пешвои миллат борҳо ба ҷавонон ва кулли мардуми Тоҷикистон ҳушдор додаанд. Пешвои миллат дар Паёме, ки моҳи декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурӣ доданд, бори дигар таъкид намуданд, ки Истиқлолияти Ватани худро ҳифз ва ҳимоя намоед.

Ман боварӣ дорам, ки халқи шарифи Тоҷикистон дигар ҳеҷ гоҳ ба қисмат шудани Ватани худ роҳ намедиҳанд.

Омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 72, Амонов Сангинбой