Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

Таҳсилоти фосилавӣ

Маълумот оиди таҳсилоти фосилавии ДОТ дар шаҳри Панҷакент

Маркази таҳсилоти фосилавӣ яке аз сохторҳои Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент буда мансуб меёбад. Таҳсилоти фосилавӣ дар асоси принсипи омӯзиши мустаќилонаи донишҷӯён бо истифодаи технологияи муосир кор мебарад. Таҳсилоти фосилавӣ зинаи нави таҳсилоти ғоибона низ ба ҳисоб меравад. Донишҷӯ дар хона истода ба воситаи шабакаи саросарии интернет дарсҳоро аз устод гирифта, аз худ намуда, вазифаи иҷрокардаашро ба устодаш мефиристад. Ҳамин тавр донишҷӯ дар ваќти муносиб, дар макони муносиб бо суръати бароҳат машғули донишандӯзӣ мегардад. Мӯҳлати таҳсил бошад дар шӯъбаи фосилавӣ 5-сол мебошад.

Маркази таҳсилоти фосилавии сомонаи омӯзишии moodle.dotpanj.tj бо назардошти саҳифаҳои мушаххаси дорои саҳифаҳои таълимиғметодӣ ва воситаҳои идоракунии фаъолияти донишҷӯёнро дорад. Донишҷӯ аз ҳар як гӯшаи ҷаҳон тавассути интернет метавонад фарогири таҳсил бошад ва кори хешро идома диҳад.

Фосилави

Таҳсилоти фосилавӣ - тарзи амалигардонии раванди таълим бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ, ки таълимро дар масофа бе иштироки бевоситаи шахсии омӯзгор ва таълимгирандагон имконпазир мегардонад. Таҳсилоти фосилавӣ зинаи нави рушди таҳсили ғоибона ва ҳам рӯзонаи таҳсил буда, дар он истифодаи технологияҳои иттилоотӣ таъмин шудааст, фарқияти он аз намуди ғоибонаи таҳсил дар он аст, ки қисми муҳими маводи таълимӣ на соҳибихтиёрона, балки пайваста бо муносибат бо омӯзгор (машварат бо воситаи почтаи электронӣ, скайп, семинарҳо дар режими оnline) аз худ мешавад. Шарти асосии ворид шудан ба система мушаххас намудани парол ва логини ҳар истифодабаранда мебошад, ки ба ин восита метавон аз имконоти мавҷуда истифода намуд. Системаи таҳсилоти фосилавии ДОТ дар шаҳри Панҷакент дар шабакаи глобалии Интернет фаъолият бурда, барои донишҷӯён имконияти саривақт ва бемамоният дастрас намудани маълумотҳои заруриро фароҳам меорад.

Устодони донишгоҳ имкон доранд бо донишҷӯ тавассути ин система фосилавӣ муошират намоянд. Кори система шаффоф буда, тамоми маълумотҳо марказонида шудаанд, ки ин ҷиҳат тоза ва пурра будани маълумоти мавриди истифодаро кафолат медиҳад.

Яке аз мақсадҳои асосии истифода ва татбиқи чунин система таъмин ва кафолати сифати таҳсил дар донишгоҳ мебошад. Зеро бо истифодабарӣ аз системаи мазкур донишҷӯ имкони соҳиб шудан ба маълумоти заруриро пайдо хоҳад кард.

Web-сайти зерин бо корбаст аз дастовардҳои технологияи муосир сохта шуда, таъминоти бехатарӣ ва шахсӣ будани маълумот кафолат дода мешавад.

Ҳангоми ворид шудан ба система тавассути интихоби логин ва пароли шахсӣ донишҷӯ ба саҳифаи хеш дохил мегардад ва имкони шиносоиро бо маълумоти зарурӣ пайдо мекунад.

Контакты

Таджикский педагогический интситут  г. Пенджикента

Наш адрес: 734000, Республика Таджикистан,
Согдийская область, г.Пенджикент, ул.Рудаки 108

  • Телефон: (+992) 34 75 5 40 50

Мы в социальных сетях

Асосӣ Структура Дистанционное обучение