Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

Таҳсилоти ғоибона

ТАҲСИЛОТИ ҒОИБОНА

Deen Part

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Худойназаров МеҳроҷиддинАшӯрович - декани шўъбаи ғоибона

Таҳсилоти ғоибона яке аз намудҳои паҳнгаштаи таълим ба шумор меравад. Ба таълими ғоибона хатмкардагони муассисаҳои ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва мутахассисони дорои маълумоти олӣ барои гирифтани ихтисоси дигар қабул карда мешаванд

Дар  Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент таҳсили ғоибона фаъолият менамояд,  ки он дар соли 2012 ҳамчун факултети алоҳида ташкил карда шуд.  Дар ин факултет зиёда аз  1770 донишҷў аз минтақаҳои гуногуни кишвар ва берун аз он таҳсил менамоянд. Қисми зиёди донишҷўёни ин факултетро омўзгорони муасисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ташкил медиҳад.

Онҳо барои баланд бардоштани сатҳи дониши худ дар баробари кору фаъолият таҳсил менамоянд. Дар факултети ғоибонаи донишкада донишҷўён аз рўи 12 ихтисосҳои  гуногун таҳсил мекунанд:

1. Менеҷменти иҷтимоӣ (маориф) - иқтисодчӣ дар соҳаи иҷтимоиёт ва маориф, ҳисобчӣ, идоракунанда дар муассисаҳои таълимӣ;

2. Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар соҳаи маориф - муҳосиб, назоратчӣ, ҳисобчӣ, тафтишотчии иқтисодӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва корхонаҳо;

3. Забон ва адабиёти тоҷик - омўзгори фанҳои забон ва адабиёти тоҷик ва забони давлатӣ дар мактабҳои таҳсилаш бо забони ғайридавлатӣ, омўзгори фанни адабиёт;

4. Забон ва адабиёти рус - омўзгори фанни забони русӣ ва фанни адабиёти рус дар мактабҳои ғайрирусӣ;

5. Таҳсилоти ибтидоӣ - омўзгори синфҳои ибтидоӣ, тарбиятгар - омўзгор дар муассисаҳои таҳсили томактабӣ;6. Математика - информатика - омўзгори фанҳои математика, информатика, барномарези компютерӣ, мутахассиси таъмири воситаҳои технологияи информатсионӣ, оператори компютерҳо;

7. Физика - информатика - омўзгори фанҳои физика, информатика, барномарези компютерӣ, мутахассиси таъмири воситаҳои технологияи информатсионӣ ва радиотехника, оператори компютерҳо;

8. Биология - химия - омўзгори фанҳои химия, биология, мутахассиси лабораторияи химиявӣ дар корхонаҳои саноатӣ ва озмоишгоҳҳои биологӣ дар марказҳои тадқиқотӣ - илмӣ ва тиббӣ;

9. География - биология - омўзгори фанҳои география, биология, роҳбалад дар ширкатҳои туристӣ, лаборант дар озмоишгоҳҳои биологии марказҳои тадқиқотӣ - илмӣ  ва тиббӣ;

10. Тарбияи ҷисмонӣ -  омўзгори фанни тарбияи ҷисмонӣ, варзишгар, омўзгори фанни омодагии дифои ҳарбӣ;

11. Тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ - омўзгори фанни тарбияи ҷисмонӣ, варзишгар, омўзгори фанни омодагии дифои ҳарбӣ, мутахассиси соҳаи ҳарбӣ;

11. Таърих - бостоншиносӣ - омўзгори фанни таърих, бостоншинос (археолог), корманди осорхона, музейшинос;

12. Таърих. Ихтисоси иловагӣ (ҳуқуқ) - омўзгори фанҳои таърих, ҳуқуқи инсон, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, ҷомеашиносӣ, ҳуқуқшиноси корхонаю муассисаҳо, ҳимоятгар.

Дар факултети ғоибона дарсҳои аудиторӣ дар як соли  хониш ду маротиба аз даҳуми январ то даҳуми феврал  ва аз даҳуми июн то даҳуми июл гузаронида мешавад.  Дар ин давра донишҷуён мавзўъҳои асосии фанҳои  нақшаи таълимиро бо усули фаъоли таълим ва истифодаи  методикаҳои муосири дарсдиҳӣ азхуд мекунанд. Дар  раванди таълим донишҷўёни ғоибхон аз воситаҳои  техникӣ ва адабиётҳои фонди китобхона ба тарзи ройгон истифода бурда, устодони кафедраҳои донишкада бо  онҳо машғулият мегузаронанд. Дар байни сессияҳо ба донишҷўёни факултети ғоибона корҳои назоратӣ,  рисолаҳои курсӣ ва супоришҳои илмӣ - тадқиқотӣ дода мешавад. Алоқаи донишкада бо донишҷўёни ғоибхон  бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва  коммуникатсионӣ амалӣ гардонида мешавад.

Тамос

Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

Суроғаи мо: 734000, Ҷумҳурии Тоҷикистон,
вилояти Суғд, ш.Панҷакент, х.Рудаки 108

  • Телефон: (+992) 34 75 5 40 50

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Шумо метавонед инчунин бо мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар тамос бошед.
Аз ҳаёти Донишкада бо хабар бошед.
Асосӣ Сохтор Шӯъбаи ғоибона