Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

Факултети филология

 maqsadov    Мақсудов З. - декани факултети филология

Филология шакли олии маърифати иҷтимоист…

Илми филология, ки онро сухан ва суханварӣ низ мегўянд, аз илмҳои муҳимест, ки донистани он барои ҳамагон муфиду зарурист. Чӣ хеле ки донишмандони бузург қайд кардаанд, тамоми ҷиҳатҳои манфию мусбии ҳар як инсон аз сухани ў барои дигарон маълум мегардад. Мутафаккири барҷастаи адабиёти классикии форсу тоҷик  Абдураҳмони Ҷомӣ, ки соли гузашта 600-солагии зодрўзаш ботантана таҷлил гардид ба ин маънӣ хеле хуб мефармояд:

Ба сухан зинда шавад номи ҳама,
Ба сухан пухта шавад хоми ҳама.

Академик Д.С.Лихачёв низ оид ба илми филология хеле хуб фармудааст: «Филология шакли олии маърифати иҷтимоист; шаклест, ки тамоми улуми иҷтимоиро ба ҳам мепайвандад. Филология алоқабанди тамоми алоқаҳост… Филология таҳкурсии на танҳо улум, балки ҷамъи тамаддуни инсонист». Аз ин рў факултаи филология дар байни дигар факултетҳои донишкада мавқеи хоса дорад.

Факултети филологияи ДОТП соли 2001 таъсис ёфтааст. Факултети аввал чун кафедраи ҷамъиятӣ, кафедраи гуманитарӣ, сипас факултети омўзгорӣ, факултети забонҳо ва аз соли 2007 чун факултаи филология фаъолият менамояд. Дар аввал он дорои 4 кафедра: кафедраҳои забон ва адабиёти тоҷик, педагогика ва психология, забонҳои хориҷӣ ва забони русӣ буд.

Роҳбарии факултетро номзади илмҳои филологӣ дотсент Фарҳод Ҳусейнзода, ки яке аз олимони маъруфи диёр буда, дар илми адабиётшиносии муосири тоҷик мавқеи арзанда дорад, ба уҳда дошт. Ў солиёни зиёд дар ин донишкада пурмаҳсул меҳнат намуд ва ҳоло докторанти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Аз соли 2008 сарварии факултети ба зимаи олим номзади илми филология Мизроб Ғаффоров вогузошта шуд, ки ў то соли 2013 адои хидмат намуд. Аз моҳи маи соли 2013 то ҳоло сарварии онро олим, номзади илми педагогӣ Зафарҷон Мақсудов ба зима дорад.

Дар факултет бисёр устодони донишманду тавоно, номзадҳои илм, аъзоёни Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дорандагони мукофотҳои давлатӣ ба донишҷўён сабақ меомўзанд, ки профессор Саъдӣ Маҳдиев, номзади илми филологӣ профессор Муаззамхон Ансоров, номзадҳои илм Холов Ҷовид, Фарҳод Ҳусейнзода, Зафарҷон Мақсудов, Ғаффоров Мизроб, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дорандаи ордени Шараф, дараҷаи 1 шоир Анварбеки Абўнаср узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, нависандаи таърихнигор Давлатшоҳи Тоҳирӣ, узви Иттифоқи рўзноманигорони Тоҷикистон Зиёбой Ҷалилов, ходими хизматнишондодаи соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон муаллифи чандин асарҳои илмию методӣ ва таҳқиқотӣ Хоҷамуҳаммади Муҳаммадзод ва чанде дигарон аз қабили онҳо мебошанд.

Устоди факултет номзади илмҳои филология Мизроб Ғаффоров соли 2008 дар конфронси байналмиллалӣ бахшида ба 1150 солаги устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ таҳти унвони «Рўдакӣ ва тамаддуни ҷаҳон» дар мавзўи «Нигоҳи Сайид Нафисӣ ба осори устод Рўдакӣ» суханронӣ намуд.

Яке аз устодони дигари факултет, олими тавоно, номзади илмҳои филологӣ Ҷовид Холов дар чанд конфросҳои байналмилалӣ ширкат ва суханронӣ намуд. Соли 2012 дар донишгоҳи Синзияни Чин дар мавзўъи «Роҳи абрешим воситаи Суғд бо Чин», соли 2013 дар шаҳри Гуваанди Ҳиндустон дар мавзўи «Таъсири Мавлоно ба Ғарб» моҳи ноябри соли 2013 дар шаҳри Санкт – Петербурги Федератсияи Россия дар мавзўъи «Робитаҳои Панҷакенти бостон бо Ҳинд» соли 2014 дар шаҳри Гуваанди Ҳиндустон дар мавзўъи «Омилҳои забони тоҷикӣ-форсӣ дар забони урду» баромад намудааст. Зиёда аз 13 асарҳои илмӣ, 50 мақолаҳои илмӣ, методӣ  ва омавии эшон рўи чоп омадааст, ки ин ифтихори на танҳо факултет, балки донишкада мебошад.

Мақсудов Зафарҷон 27 -28 сентябри соли 2012  иштирокчии Конференсияи Ҷумҳуриявии «Масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд»  буда, дар мавзўъи «Ташаккули оила – ташаккули шахс»  баромад намуд.

Дар факултет соли 2012 ихтисоси забони чинӣ кушода шуд, ки донишҷўёни он ҳоло дар курси сеюм таҳсил менамоянд.

То соли 2014 донишҷўёни ихтисоси забони чинӣ зиёда аз 15 нафар сарбаландона аз имтиҳони маркази Конфутсии назди ДМТ гузашта таҳсилашонро дар шаҳрҳои Чин давом дода истодаанд. Бисёре аз донишҷўёни факултет сазовори ифтихорнома ва сипосномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилоятиву шаҳрӣ гардиданд аз ҷумла Қозиева Сарвосо, Бердиева Маҳваш, Юнусова Шоҳида, Сурайёи Тошмуҳаммад, Шукурова Парвина, Бобоев Исмат ва чанде дигарон.

Соли 2009 донишҷўи бахши забон ва адабиёти тоҷик Юнусова Шоҳида дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ дар байни донишҷўёни макотиби олии мамлакат сазовори ҷои дуюм гашт ва дар озмуни Рўдакихонӣ низ ҷои дуюмро ишғол намуд.Дар факултет устодони унвони илмидошта аз қабили Ансоров М., Ҳусейнзода Ф., Ҷоматов С., Хуҷамуродов О., Ғаффоров М. ва дигарон ба донишҷўён дарс мегуфтаанд.Баъдан дар солҳои 2010 – 2015 сафи олимон зиёд гашт.Устодон Холов Ҷ., Тоҳирова Д., Усмонов Ҷ. ва Мақсудов З. рисолаҳои нозадии худро бомуваффақият дифоъ намуданд.

Сентябри соли 2014 факултет аз сабаби зиёд шудани ихтисосҳо ба ду факултет: факултети филология ва забонҳои хориҷӣ тақсим шуд. Ҳоло дар факултети филология аз рўи се ихтисос: забон ва адабиёти тоҷик методикаи таҳсилоти ибтидоӣ, таҳсилоти ибтидои ва муссиқӣ дар шуъбаҳои рўзона ва ғоибона 592 нафар донишҷўён таҳсил менамоянд.

Ҳар ду кафедраи факултет дорои адабиёту дастурҳои зарурӣ барои устодону донишҷўён мебошад. Устодон А.Наҷмиддинов ва М.Ғаффоров кафедраҳоро сарварӣ менамоянд. Инчунин 8 аудитория бо аёниятҳо ҷиҳозонидашуда ба ин ду ихтисос тааллуқ доранд. Айни ҳол дар факултети мазкур 24 нафар устодони варзида ба таълиму тадриси донишҷўён машғуланд, ки онҳо аз 5 нафар номзади илм, 1 нафар доктори илмҳои филологӣ ва  17 нафар устоди калон иборат мебошанд.

Кулли устодони факултет кўшиш доранд шогирдонро аз нозукиҳои илм ва навовариҳои он баҳравар гардонида, онҳоро бо дониши ҳақиқӣ мусаллаҳ намоянд.
Чор нафар устодон: Шарифова Гулпарӣ, Абдуллозода Нўшофарин, Наҷмиддинов Абдулқодир ва Бобоев Ҳадятулло рисолаи номзадӣ навишта истодаанд ва ҷаҳду талош доранд, ки дар кўтоҳтарин муддат рисолаҳояшонро ҳимоя намуда, унвони номзади илмро соҳиб шаванд.

Чор нафари дигар Воҳидова Гулнора, Саидмуродова Маҳбуба, Самеҳова Додарой, Шарифова Гулбону ва Тошева Моҳира низ унвонҷўёни соҳаи илм чун беҳтарин устодони донишкада шинохта шудаанд ва пайваста ба корҳои илмӣ машғуланду ба он мекўшанд, ки ҳамеша дарсҳоро дар сатҳи баланд гузаронанд.

Факултети мазкур дар соли хониши 2014-2015 ба бисёр дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки шоистаи таҳсини ҳам роҳбарияти донишкада ва ҳам мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент қарор гирифт. Боиси хурсандист, ки дар факултет мунтазам чорабиниҳои илмӣ-фарҳангӣ баргузор мегарданд.

Дар аввали соли хониши 2014- 2015 ба муносибати 600 солагии бузургдошти шоири бузург Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ бо сарварии устоди факултет Нўшофарин А. чорабинии хотирмон гузаронида шуд, ки дар ин чорабинӣ шеъру ғазалҳо ва қисме аз асарҳои устод таҳлил гардида, намоишномае аз рўйи достони «Лайлӣ ва Маҷнун» пешкаши донишҷўёну устодон ва меҳмонон гардид.

Бо ташаббуси мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷики факултет Абдулқодири Наҷмиддин озмуни Рўдакихонӣ ташкил карда шуд. Зимнан дар миқёси донишкада Мавлуда Раҳимова,донишҷўи курси II сазовори ҷои аввал гашт ва дар сатҳи озмуни вилоятӣ ҷойи дуюмро соҳиб шуд.

Бо роҳбарии устоди кафедраи педагогика ва психология Самеҳова Додарой бахшида ба 16-умин солгарди иди Парчами миллӣ чорабинии хотирмон гузаронида шуд. Оид ба таҷлили Рўзи Парчам ва таърихи парчамдори аҷдодон мақолаи ў дар нашрияи «Махзани илм» ва «Зарафшон» бо номи «Парчам – ифодагари рамзи давлатдорӣ» ба табъ расид.

Боиси сарбаландӣ ва ифтихор аст, ки донишҷўён Ганҷинаи Амриддин, Олиҳаи Қудрат ва Раҳимова Мавлуда гирандаи стипендияи раиси вилояти Суғд мебошанд. Раҳимова Мавлуда дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, сазовори Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

Ба муносибати иди «Рўзи Модар» бо ташаббуси устоди факултет Самеҳова Д. чорабинии умумидонишгоҳӣ баргузор гардид, ки дар он чорабинӣ намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ Маҳбуба Ҳабибӣ ва Иноятова Гулбаҳор ширкат варзида, аз рафти ин чорабинӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар арафаи ба охиррасии соли таҳсил чанде аз хатмкунандагони шуъбаҳои рўзонаву ғоибонаи ҳар ду ихтисос рисолаҳои хатм ҳимоя намуда, бори дигар собит намуданд, ки факултети филология дар донишкада фаъолияти назаррас дорад.

Мақолаҳои устодон: М.Ғаффоров, Г.Шарифӣ, Ҳ.Отабоева, Д.Самеҳова, Г. Шарифова, А.Наҷмиддинов, З.Мақсудов пайваста дар нашрияи донишкада ва берун аз он ба нашрмерасанд.

Вобаста ба ин, мехоҳам махсус хотирнишон намоям, ки роҳбарияти донишкада барои инкишофи илм ва фарҳанг, таъмин намудани шароити корҳои илмиву тадқиқотӣ барои устодону донишҷўён ҳамаи чораҳоро мебинад ва омўзгорони ҷавонро ба самти илм равона намуда, барои ба муваффақият ноил гаштани онҳо мусоидат намояд. Аз ин лиҳоз дар соли хониши 2014-2015 дар донишкада оид ба ихтисосҳои марбути факултет  шуъбаи магистратура ташкил гардид, ки дар он натанҳо хатмкунандагони донишкадаи мо, балки хатмкунандагон аз дигар донишгоҳу донишкадаҳо низ  таҳсил менамоянд.

Ҳар як устоди факултет таълиму тарбияи дурусти ҷавононро вазифаи ҷонӣ, масъулияти виҷдонӣ ва қарзи имонии худ медонад.

Имрўзҳо хатмкардаҳои факултет дар соҳаҳои гуногуни ҷомеъа адои вазифа намуда, баҳри рушду нумўи Тоҷикистони азиз ҳиссагузоранд, аз ҷумла: Ҷалилова Мавзуна, Азизқулов Рустам, Самадов Баёнқул сарварии мактабро ба дўш доранд. Меҳруллои Абдулло, Бобоев Ҳадятулло ва Муродиллои Шириншоҳ унвонҷў мебошанд ва мехоҳанд дар ин пайроҳаи душвор ҷасурона қадам зада,ба муваффақиятҳои нав ба нав соҳиб шаванд.

Дўстони азиз! Агар хоҳед, ки аз илми сухан ва суханварӣ баҳравар гардед, агар хоҳед, ки дар қалби шумо панди Саъдии бузургвору ғазалҳои дилошўби Ҳофизу Камол нурафшонӣ кунанд, агар хоҳед, ки таркиби луғавиатон бою алфозатон аз ҳар гуна махлут покиза гарданд, хоҳед, ки қадру қурби Шумо дар байни мардум воло бошад, хоҳед, ки умри ҷавониро бесамар нагузаронда ҳаёти ҷавониатонро бо нури дониш мунаввар гардонед, марҳамат ба факултети мо.

Мо интизори шумоем, ҷавонони азиз!

Зафарҷон Мақсудов,

декани факултети филология, номзади илми педагогӣ.

Тамос

Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

Суроғаи мо: 734000, Ҷумҳурии Тоҷикистон,
вилояти Суғд, ш.Панҷакент, х.Рудаки 108

  • Телефон: (+992) 34 75 5 40 50

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Шумо метавонед инчунин бо мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар тамос бошед.
Аз ҳаёти Донишкада бо хабар бошед.
Асосӣ Сохтор Факултетҳо Факултети филология