Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон

Китобхона


Мудири китобхонаи ДОТП  Халилова Љ.

Роҳҳо ва вазифаҳои асосии фаъолияти кории китобхона.

               Китоб бузургтарин сарвати маънавии инсоният аст ва маҳз китоб аст,ки дар натиҷаи мутолиаи он инсон тарбия меёбад ва ба камоли маънавӣ мерасад.
Таи давраи ҳисоботи солонаи соли 2018 китобхонаи  Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар  ш. Панҷакент тибқи Оиннома ва Нақша – чорабиниҳои тарҳрезигардида ҳамаҷониба фаъолият намуда, дар ташвиқу тарғиби арзишҳои фарҳанги ва тадбиқи пурсамари сиёсати фарҳангии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштанд.

Фаъолияти ҳамарўзаи кормандони Китобхонаи  ДОТ дар қатори тарбияи худшиносиву худогоҳӣ, тадбиқи амалии сиёсати фарњангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди маърифати ҷомеа пайваста такмилу ташаккул, ташкили хизматрасонии китобхонавӣ ба донишҷўён ва тарғиби китобу китобхонаро дарбар мегирад.

Мақсад ва мазмуни фаъолияти китобхона

         Дар замони Истиқлолият саҳмгузорӣ дар пешбурди маърифатнокии ҷомеа, ташвиқи осори куҳан ва дастовардҳои навини илму фарҳанг, инчунин ҷалби хонандагони синну соли гуногун ба китобу китобхонӣ истифода аз падидаҳои навини муосир ҳадафи асосии низоми китобдорист.

         Дар ин замина Китобхонаи Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Нақшаи кории самтҳои асосии фаъолиятро дар соли 2018 роҳандозӣ намудааст.

1. Тадбиқи босамари дастуру нишондодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Рамон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг, Раиси вилояти Суғд ва минбаъд шаҳри Панҷакент, инчунин Барномаҳои давлатии соҳа дар робита ба сиёсати фарњангӣ ва такомули ғояҳои маънавии Истиқлолияти миллӣ.

2. Муқаддас  доштани китоб, эҳё ва тарғиби анъанаҳои китобдории ниёгон.

3. Танзим ва таҷдиди фарҳанги китобдориву китобхонӣ дар заминаи талаботи меъёрҳои ҷаҳони муосир ва дастовардҳои навин.

4. Дар амал тадбиқ намудани низоми технологӣ, компютерӣ-электронӣ ва инноватсионӣ.

5. Бо мақсади такмили маҳзани китоб ҷамъоварӣ, ҳифозат, таҳкими сифати хизматрасонӣ, нигаҳдошт ва тарғиби адабиёт.

6. Ба ифтихори ҷашнвораҳои таърихӣ ва бузургдошти фарзандони фарзонаи миллат доир намудани чорабинињои мухталифи фарњангӣ, илмӣ-адабӣ.

3.Нишондодҳои асосии рақами Китобхонаи Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

       Мањзани умумии китобхонаи ДОТ иборат аз  12556 дона китоб буда, аз он 8540 дона китобњои соњави,848 дона бадеї, 1743 дона методї ва 1425 дона адабиётњои гуногун, Китобдињї 22004, Шумораи хонандагон 4930, Ташриф 73950, Чорабинињо 163, Шумораи  иштирокчиёни чорабинї  15009,  Адабиёти навдохилшуда 1752,   Гардиши мањзани китобї  1,7 , Дараљаи хониш 4,4 ба њисоб мераванд,ки барои рушду нумўъ ва баланд бардоштани фарњангу љањонбинии толибилмон мусоидат мекунад.

  Китобхонаи ДОТ дар ш. Панљакент мунтазам бо китобхонаи Миллии Тољкистон ва дигар  китобхонањои бонуфузи Љумњурї њамкории зич дошта барои рушди доимин муносибатњои  тарафайн кўшиш мекунад.

Шумораи китобњои электронї

     Дар Донишкадаи омўзгории Тољикистон дар ш. Панљакент китобхонаи электронї аз соли 2012 инљониб фаъолият намуда, дорои 81000 нусха китобњои бадеї, илмї ва тахассусї мебошад, ки донишљўён аз онњо истифода мебаранд.

   Ба ѓайр аз ин бо ташаббуси раёсати ДОТ дар ш. Панљакент ва бо дастгирии ректори ДОТП  Ансорї М. Ќ., аз хориљи кишвар як миќдор адабиётњо ба китобхонаи электронии ДОТП ба тариќи электронї  ворид карда шуд.

Миќдори љои нишаст дар ќироатхона

          Донишкадаи омўзгории Тољикистон дар ш. Панљакент дорои китобхонањое мебошад, ки барои устодону донишљўён, њаводорони китоб ва мутолиа хизмат мерасонад.

Толорњои  ќироати китоб дар бинои асосии донишкада барои 60 нафар, дар Ќасри Геологњо барои 50 нафар ва дар бинои СИМУРЧ бањри 50 нафар омода карда шудааст, ки толибилмон метавонанд чи китобњои дарсї ва чи китобњои илмиро самаранок истифода баранд.

Миќдори љои нишаст дар китобхонаи электронї

          Њамчунин донишкадаи мо дорои китобхонаи   муљањњазонидашудаи электронї мебошад, ки хушбахтона, робита бо тамоми китобхонањои дунёро барояшон барќарор менамояд. Китобхонаи электронии мо дорои 21 нуќтаи компютерї ва 160 љои нишаст мебошад.

         Воќеан бо ворид гардидани Љумњурии Тољикистон ба љомеаи иттилоотї самту њадафњои афзалиятноки фаъолияти китобхонањо тафсиа ёфтанд. Аз ин лињоз китобдорон вазифадоранд, ки бо маќсади ќонеъ гардонидани эњтиёљоти донишљўён майлу  раѓбати хонандагонро ба китобњои чопї ва электронї бештар намоянд. Њамзамон, бо маќсади тарѓиби њамаљонибаи адабиётњои соњањои мухталифи илму дониш баргузории як ќатор чорабинињо дар соли 2018 тарњрезї гардидаанд.

Тањлили бузургљашнњои даврони Истиќлолият, бахусус љашнворањои фархундаи сол аз ќабили Дањсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солњои 2018-2028, ба пешвози 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумљурии Тољикистон, 5500-солагии Саразми бостонї, 605-солаги Абдурањмони Љомї, 30-солагии ќабули Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи забони давлатї»,  25-солаги Суруди миллии Љумњурии Тољикистон, 380-солагии Зебунисо, 110-солагии Бобочон Ѓафуров, 70-олагии Мењриниссо  ва њоказо шањодати таваљљўњи хосаи Њукумати Љумњурї ба таърихи ниёгон ва гиромидошти арзишњои таърихиву фарњангї ба шумор мераванд.

          Китобхонаи ДОТП аз 1.01 2018 то 1.01.2019  як ќатор чорабини аз љумла  пайваста гузаронидани сўњбатњо бо донишљўён, доир ба дуруст истифода  бурдани маълумотнома, фарњангњо, луѓатњо барои  навиштани корњои курсї, бахшида ба љашнњо ташкил кардани намоиши асарњо, сўњбатњо  ва омода  намудани стенњо оид ба ташфиќоти ќонун ва ќарорњои Љумњирии Тољикистон гузаронида шудаанд.

                   Ба ѓайр аз ин рафњои китобхонаро рўзномаю маљаллањо оро медињанд, ки донишљўён аз он фаровон истифода мебаранд.Дар соли 2018 мо ба маљаллањои Омўзгор, Адабиёт ва санъат,  Минбари халќ, Зарафшон, Корвони умед,Фарвардин,Шўълаи умед, Сухани халќ,Народная газета, Халќ овозї,Њаќиќати Суѓд, Садои мардум, Љумњурият,Маърифати омўзгор,Маорифи Тољикистон, Паёми Суѓд, Садои шарќ, Бонувони Тољикистон, Ахбори маљлисї Олї обуна шудаем.

          Мо, кормандони китобхонаи ДОТ бо дастгирии ректори мўњтарам Ансорї М.Ќ. кўшиш ба харљ медињем, ки донишљўёни мо бо китобњои зарурї таъмин бошанд ва ният дорем, ки китобхонаро љои дўстдоштаи устодону шогирдон табдил дињем, зеро чи тавре ,ки зикр гардид, китоб бењтарин ва самимитарин њамсўњбати инсон мањсуб ёфтааст. Тавассути он на танњо ба олами тањайюлоту андеша ворид мешавем, балки зењну шуури мо, донишу љањонбинии мо мукаммал мегардад. Мо њамчун омўзгору китобдор таманнои онро дорем,ки кўдакон, наврасон, љавонон, умуман љомеа китобхон шавад, зеро: Аниси кунљи танњої китоб аст…

           Китобхониву китобдўстї инсонро њатман ба ќуллаи мурод мерасонад, мартабаашро дар љамъият баланд бардошта, ўро њиммат баланду ќадршинос мегардонад. Эњтиром  ба  Ватану ватандорї, ифтихор бо Тољкиситони азиз,дўст доштани њар гўшаву канори он аз дуруст мутолиа кардани китоб ва аз бар кардани мазмуни мтнњои он ба даст меояд.

          Месазад, ки  мо наврасону љавоноро дар рўњияи китобдўстиву китобхонї, ки натиљааш ватандўстиву худогоњиву худшиносї аст, тарбият намоем.

          Имрўзњо бо шарофати соњибистиќлолии Љумњурии Тољикистон дар ќатори дигар љабњањо соњаи китобдорї низ шукўњи тоза касб намудааст.

         Кормандони китобхонаи ДОТ дар фазои Истиќлолияти кишвар дар пешбурди фаъолияти китобдорї сањми арзанда гузошта, љињати дар сатњи баланд таљлил намудани фархундаљашнњо ва дигар љашнворањои сол тадбирњои зарурї меандешанд.