Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон

Таҷрибаомӯзӣ

Маълумотнома

Яке аз самтҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва дорои малакаву маҳорат  гардидани муҳассилин  ин таҷрибаи омӯзгорӣ  маҳсуб меёбад. Дар замони муосир наќш ва ањамияти таљрибаомўзии омўзгорї хеле калон буда, он марњилаи љамъбастии омодасозии  донишљўён  барои фаъолият дар мактаб мебошад.                                                            Таљрибаи омўзгорї  воситаест, ки  донишљў  тавассути он донишњои назариявии худро дар амал санљида, роњу усулњои ба хонандагон пешбарї  намудани маводи таълимро меомўзад ва барои сайќал додани мањорати омўзгории хеш шароитҳои  мусоид  фароҳам меоварад.

Раёсати Доншикадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент тибқи низомномаи  таљрибаомўзии педагогии муассисањои тањасилоти олии касбии Љумњурии Тољикистон, бо ќарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон аз 28 январи соли 2017, № 1/16 тасдиќ шудааст, раванди таҷрибаомӯзиро ба роҳ мондааст.

Тибқи нақшаи таълими давраи таҷрибаомӯзии педагогӣ 6 ҳафтаро дар бар мегирад.

Пеш аз оѓози таљрибаомўзии омўзгорї семинари дастурдиҳӣ дар њамаи факултањо гузаронида  шуда, ба онҳо роњбари факултетї, роњбари гуруњї, методисти психология  ва методисти педагогика  вобаста карда шуданд. Дар њамкорї бо кафедрањои методии факултетњо, педагогика ва психология, наќшаи кории таљрибаомўзии омўзгорї мураттаб гардида, наќшаи чорабинињои таълимиву тарбиявї тасдиќ карда шуданд.

Дар семинари  кушодашавии таҷрибаомӯзӣ  мувофиќи ин наќша бо донишљўён суњбатњои методӣ оид ба мавзўъњои: “Таҷрибаомӯз–ҳамчун омӯзгори оянда”, “Методҳои таълим дар фаъолияти омӯзгори ҷавон“, “Касби ман–ифтихори ман”, “Меъёри бањогузорӣ ба дониш, мањорат ва малакаи хонандагон”, “Истифодабарии  маводҳои методї дар дарс”, “Истифодаи методњои фаъоли таълим дар дарсњо”,  “Тарбияи ватандӯстӣ дар раванди дарс”, “Омўзиши 18 самти Консепсияи миллии тарбия ва истифодаи он дар дарс”,  “Аҳамияти  корҳои беруназсинфӣ дар раванди дарс”,  “Истифодаи  аёниятњои таълимӣ дар дарс”,  “Ташкили корҳои беруназсинфӣ ва аҳамияти он дар баланд бардоштани донишазхудазкунии  хонандагон” ва ѓ.  гузаронида шуданд.  

Мувафиқ ба талаботи низомномаи  таљрибаомўзии педагогии муассисањои тањасилоти олии касбии Љумњурии Тољикистон, бо ќарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон аз 28 январи соли 2017, № 1/16 тасдиќ шудааст, Шартнома  таҳия карда шудааст. Барои 7 мактаби базавӣ МТМУ№71, МТМУ№15, МТМУ№14, МТМУ№37, МТМУ№29, МТМУ№1, МТМУ№30 ва шуъбаи маорифи шаҳр дар моҳи октябри соли 2018 шартномаи дуҷониба имзо карда шудааст. Ҳаминтавр дар давраи таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва таълимӣ бо КМ “Зарафшон” ва Осорхонаи таърихи кишваршиносии баноми А. Рӯдакӣ шартнома ба имзо расонида шудааст, ки давраи таҷрибаомӯзиро донишҷӯён самаранок мегузаронанд. Дар нақша аст, ки давраи таҷрибаомӯзии таълимии курсҳои 1, 2 ва 3 ро дар истироҳатгоҳҳои тобистона ва лагерҳои таълими ба роҳ монем, қадамҳои аввалин дар ин самт гузошта шудааст.      

Дар давоми таҷрибаомӯзии донишҷӯёни  бо хонандагони синфњои вобасташуда чорабинињои зиёди тарбиявї, ба монанди суњбатњо, соатњои тарбиявї, мизи мудаввар,  шабнишини{ои адабb, вохēри{о дар синф ва берун аз он ташкил ва гузаронида шудааст.

Аз тарафи шахсони масъул фаъолияти таҷрибаомӯзии донишҷӯён пайваста назорат карда мешуд ва дар назди шуъбаи таҷрибаомӯзӣ барраси магардид.

Мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ:                          Сафаров С. С.