Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон

Факултети Менеҷмент


     Боқиева Умеда Ҷӯрақуловна, номзади илмҳои иқтисодӣ, декани факултети менеҷмент

 АЗ ТАЪРИХИ ФАКУЛТЕТИ МЕНЕҶМЕНТ

Факултети менеҷмент зодаи истиқлол буда, яке аз аввалин факултети донишкада мебошад. Ин факултет фаъолияти худро дар таркиби Маркази Осиемиенагии Донишгоҳи озоди Русия соли 1991 огоз намудааст. Сипас, яке аз факултетҳои Донишгоҳи Озоди Тоҷикистон буда, ҳоло ҳамчун факултети Донишкадаи омузгории Тоҷикистон дар ш.Панҷакент  фаъолият карда истодааст. Дар тули фаъолияташ дар   факултет  мутахассисони соҳаи идоракунӣ (менеҷмент), иқтисодиёт, туризм тайер карда мешаванд. Дар аввали ташаккулебӣ дар факултети менеҷмент аз руи ихтисосҳои: менеҷменти тиҷоратӣ ва менеҷменти фермерӣ (агробизнес) мутахассис тайер карда мешуд. Мутахассисони аввалин дар соли 1995  факултетро хатм намуда, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи диерамон ва дигар ҷумҳуриҳо фаъолияти меҳнатии худро огоз намуданд. Факултет  зиёда аз 1000  нафар мутахассиси баландихтисос тайер кардааст. Хатмкунандагони факултети менеҷмент дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, савдо, бонкҳо, сохторҳои давлатӣ, сохтмон, хоҷагии қишлоқ, соҳибкории хурд ва миена, туризм ва гайра фаъолияти босамар карда истодаанд. Масалан, Орипов Шамсимаҳмад,  Ғаффоров А., Мирзоева А.,Нормаҳмедова Н. кормандони ҳукумати ш.Панҷакент, Эшбеков А. сармуҳосиби «Агроинвестбонк» дар ш.Панҷакент, Боқиев Ф. сарменеҷери шуъбаи фуруши заводи «Коломенское» дар ш.Москва, Усмонов Б. корманди Агентии “Тоҷикстандарт”, Ҳафизова М. – ҷонишини мудири шуъбаи ҳифзи иҷтимоии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Панҷакент, П.Кенҷаев, Низомова Ҳ., Ҳ.Раҳимов, Неъматиллоев И. – кормандони бонкҳо, Ҳайдаров О. сармуҳосиби «Тоҷиксодиротбонк», Эргашева Х.- сармуҳосиби шуъбаи маорифи ш.Панҷакент  ва чанде  дигарон дастпарварони ин факултет буда, чун мутахассисони беҳтарини соҳаи худ шинохта шудаанд.   Барои тайер кардани ин мутахассисон саҳми асосгузорон ва муассисони ин факултет ва донишкада Хоч С.А. ва номзади илмҳои иқтисодӣ Кудлаева Е.Н. хеле бузург аст. Гузариш ба иқтисоди бозоргонӣ зарурияти таъсисёбии ин факултетро ба миен овард. Онҳо ҳангоми таъсисдиҳии ин факултет таҷрибаи пешқадами ҷаҳониро оид ба тайер намудани мутахассисони варзидаи ин соҳа асос гирифта худашон аввалин барномаҳо ва нақшаи таълимиро оид ба тайер намудани мутахассис  – менеҷер мураттаб сохтанд. Дар қатори инҳо устодони номдори диер ба донишҷуен таълим додаанд, аз ҷумла, н.и.иқтисодӣ. Бобоев Ҳ.Ш., д.и.таърих А.Исоқов, н.и. иқтисодӣ, академик Тошев О.Т., д.и.иқтисодӣ Шерова  Н.Д., дорандаи ордени «Шараф» Атоев З.А. ва дигарҳо.

 Боиси хурсандӣ ва сарфарозист, ки як гурўҳ хатмкардагони болаёқату фаъоли факултет имруз ба сифати омӯзгор дар донишкада фаъолият доранд. Садорати донишкада, роҳбарияти факултет ҳамеша барои баланд бардоштани савияи дониши омўзгорон, таҳсили онхо дар зинаи илму тадқиқот ғамхорӣ зоҳир менамояд. Омўзгор, хатмкардаи факултети мазкур Боқиева Умеда Ҷўрақуловна ханўз соли 2002 рисолаи номзадиашро бо муваффақият дифоъ намуд. Соли 2016 бошад, мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ ва идоракунӣ Наҷмиддинов Ф.   рисолаи номзадии худро   бомуваффақият дифоъ намуд. Омузгорони ҷавони кафедраи назарияи иқтисодӣ ва идоакунӣ  мавзуъҳои рисолаи номзадиро муайян намуда, корҳои илмӣ карда истодаанд. Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши илмӣ-методӣ  омӯзгорон дар курсҳои такмили ихтисоси донишгоҳҳои ватанӣ ва хориҷӣ мунтаззам фаъолона иштирок менамоянд.

      Сарварии факултетро аз соли 2008 инҷониб  номзади илмҳои иқтисодӣ Боқиева У.Ҷ. дар уҳда дорад.    Имруз факултети менеҷмент ҳамқадами замона мебошад. Бо назардошти ниези ҷамъияти имрузаи мо факултет тайер кардани   мутахассисони соҳаи идоракунии маориф ва соҳаи туризмро   ба зимма гирифтааст. Ҳамин тавр, дар факултет аз соли 2007 аз руи 4 ихтисос: менеҷменти соҳаи маориф, баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит, менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байнанмиллалӣ, хизматрасонии иҷтимоӣ-маданӣ ва туризм  таълим дода мешавад. Таълим дар шакли рузона ва ғоибона,фосилавӣ ба роҳ монда шудааст. Дар факултет кафедраи назарияи иrтисодӣ ва идоракунӣ амал мекунад, ки дар он 11 нафар устодон, аз он ҷумла, 3 номзади илмҳои иқтисодӣ, 3  унвонҷу,  фаъолият менамоянд. Устодони кафедра дастурҳои методӣ,курсҳои лексия,маводҳои ерирасон оид,мақолаҳои илмӣ,методӣ омода менамояд. Мақолаҳои  илмии устодони кафедра дар нашрияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва дохили донишкада нашр шудаанд.

      Дар самти ихтисосҳои факултети менеҷмент магистратура низ фаъолият мекунад, ки пеш аз ҳама ба давом додани таҳсили хатмкунандагони болаёқати факултет ва донишгоҳҳои дигар мусоидат менамояд.

Дар факултет корҳои тарбиявӣ, ҷамъиятӣ низ хуб ба роҳ монда шудааст. Устодон ва донишҷуен ҳафтаҳои фаннӣ, конфоронсҳои илмӣ, вохуриҳо бо мутахассисони соҳаҳои гуногун, шабнишиниҳо, маҳфилҳои адабӣ, озмунҳои гуногун омода карда мегузаронанд. Дар чорабиниҳои донишкадавӣ  низ донишҷуен фаъолона иштирок карда, ба натиҷаҳои назаррас сазовор мегарданд.          Ҳар сол донишҷуёни факултети менеҷмент дар олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷуен аз руи фанҳои тахассусӣ ва ғайритахассусӣ иштирок варзида, бо ифтихорномаҳои Вазорати Маориф  мукофотонида шудаанд. 

 Дар самти омода намудани мутахассисони риштаи сайёҳӣ факултет, донишкада бо ширкатҳои сайёҳии водии Зарафшон шартномаҳои ҳамкорӣ дошта, таҷрибаомузии донишҷӯёни ихтисосҳои сайёҳӣ  дар ин ширкатҳо ташкил ва гузаронида мешавад, аз ҷумла ширкатҳои “Куҳандиз”, “Чилмеҳроб”, “Памир тревел”, “Артуч” ва ғ.

Устодони Факултет

Наҷмиддинов Фирдавс Нуриддинович мудири кафедра, номзади илмҳои иқтисодӣ
Қосимов Диловар Мирзоулуғбекович эдвайдзер
Маҳмаризоева Мадина Қурбоновна устоди калон
Шамситдинов Аслам Фазлиддинович устоди калон
Абдусолеҳова Маҳлиё устоди калон
Ёров Ҷурақул устоди калон
Қосимов Муродбек Облоқулович ассистент
Муҳаммадиева Зарофарин Солеховна ассистент
Норова Сайҳуна ассистент

Шарикони мо дар риштаи сайёхи