Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон

Факултети Таърих

  Шиносномаи факултет

Декани факултети таърих Исроилов Салохиддин

Дар солҳои охири барҳамхўрии Иттиҳоди
Шўравӣ нерўҳои пешкадами ҷомеа барои ба низоми нави таҳсил гузаштан
талошдоштанд. Моҳи июли соли 1991 нерўҳои пешқадам барои кушодани мактабҳои
олии нав ҷавобгў ба талаботҳои замон кўшиш ба харҷмедоданд. Гурўҳе аз олимон
барои ташкилнамудани зерсохтори Донишгоҳи Озодӣ Россия дар ОсиёиМарказӣ шурўъ
намуданд.      Мактабу маориф дар тамоми давраи
инкишофи тамаддуни инсоният ҳамчун соҳаи махсуси иҷтимоӣ, ҷамъиятӣ ва омили муҳими
пешрафту инкишофи ҷомеаи инсонӣ эътироф шудааст.

Факултети таърих дар заминаи факултети ҳуқуқшиносӣ, ки соли 1991
ташкилёфтабуд, соли 2004 ба факултети таърих табдили ном менамояд.

    Дар соли таҳсили 2006 – 2007 дар наздифакултет ду кафедра
фаъолиятменамуд.

Кафедраитаърих.

Кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ ва ҳуқук

      Соли 2012 дар назди факултет кафедраи нав «
Таърих. Бостоншиносӣ ва мероси ниёгон» таъсис дода мешавад.

Ихтисоси мазкур соли 2012 бо дастгирии Раёсати Донишкада дар базаи ёдгориҳои
таърихии Саразм ва Панҷакенти қадим ташкил карда шудааст. Ихтисоси таъриху
бостоншиносӣ дар заминаи кафедраи

«Таърих, бостоншиносӣ ва мероси ниёгон» фаъолият менамояд.

Донишҷўёни ин ихтисос таҷрибаомўзии худро дар ёдгориҳои Санҷаршоҳ, Панҷакенти
қадим, Саразм, МустафоТеппа, Қалъаи Ҳисорак ва  ноҳияи Куҳистони Масчоҳ
мегузаронанд.

Ҳамзамон хатмкардагони ин ихтисос дар Китобхонаи миллӣ , Осорхонаи миллӣ,
Пойгоҳҳои бостоншиносӣ, Эрмитажи Санкт – Петербург  ва  ғ.фаъолият
намуда менамоянд.

Айни замон дар ихтисоси таърих-ҳуқуқ донишҷўён аз нигоҳи ҷуғрофӣ фарогири аз
ноҳияҳои вилоятҳои Суғд, Хатлон, Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва Ноҳияҳои
тобеъи марказ мебошад.

 Хатмкардагони ин ихтисос дар Мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, шўъбаи корҳои
дохилӣ, Кумитаи сарҳадот, Вазорати мудофиа ва соҳаи маориф кору фаъолият карда
истодаанд.

Ба раванди кори таълим олимони варзида, унвонҷўён ва устодони соҳибтаҷриба
ҷалб карда шудаанд.

 

Доктори илм                                 1- нафар

Номзадњои илм                           2 – нафар

Унвонҷўён                                     3 –нафар

Устодоникалон                            14-нафар

Ассистентҳо                                 3 – нафар