Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон

Изҳори андешаи маорифчиёни шаҳри Панҷакент доир ба ҳамоиши САҲА дар Варшава

Машварати солонаи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА яке аз бузургтарин ҳамоишҳои ҷаҳонӣ дар боби арзишҳои демократӣ ва масъалаҳои ҳуқуқи башар ба шумор меравад.

Дар он давлатҳои узви САҲА ва даҳҳо созмонҳои миллию байналмилалӣ иштирок намуда, ҳудуди ду ҳазор вакил дар муддати ду ҳафта маҷмуаи масъалаҳои ин самтро баррасӣ мекунанд.

доираи ин машварат даҳҳо нишасти умумӣ ва нишастҳои канорӣ доир мешаванд, ки ба масъалаҳои мушаххас бахшида шудаанд. Ҳар давлат мавқеи худро дар самти таъмин ба арзишҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар муаррифӣ намуда, дар ин масъалаҳо гузориш медиҳад ва сиёсати худро ҳимоя мекунад. Ҳамзамон бо ин, мавқеи давлатҳои иштироккунанда метавонад аз тарафи мухолифонашон ва ё баъзе ташкилотҳои байналхалқӣ нақд шавад. Бинобар ин, фазои ин ҳамоиш маъмулан доғ шуда, он ҳар сол таваҷҷуҳи калони байналмилалӣ ва иттилоотиро ҷалб менамояд.

Тавре аз расонаҳо огоҳ шудем чор созмони ба қавле “оппозитсионӣ” ҳизби террористии наҳзати ислом ва се ташкилоте, ки худи наҳзатиёни хоин бо номҳои назарфиреб ба таври сунъӣ сохтаанд, яъне “Ҷунбиши ислоҳот ва рушд”, “Анҷумани озодандешони тоҷик” ва “Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ”, дар соле пеш дар Варшава қабл аз солонаи нишасти САҲА ба таври масхараомез байни худ “созишнома” имзо кардаанд ва иттиҳоде бо номи “Паймони миллии Тоҷикистон” таъсис додаанд.

Воқеан паймони “миллӣ”, зеро наҳзатиёни хиёнатпеша, ки тамоми афроди солимақл аз онҳо рӯй гардонд, радди маърака шуданд ва ба ҷуз хоҷагони хориҷиашон барои ҷомеаи солим нодаркор гаштанд. Ба ин беругиву рӯсиёҳӣ, ки бе ягон зарра хиҷолат Муҳиддин Кабирӣ, Алим Шерзамонов, Шарофиддин Гадоев ва Илҳом Ёқубов саҳнаи имзои созишномаро бозӣ мекунанд, ангушти ҳайрат газидан мумкин. Онҳо гурӯҳе иборат аз чор қаллоби мардумфиреб ҳастанд.

Ин бадхоҳон аллакай лухтаки дасти бегонагон гаштаанд ва режисёри ин саҳнаи онҳо хоҷагони хориҷиашон ҳастанд. Мақсади ягонаашон бошад ноором кадани фазои сиёсии Тоҷикистон аст.

Аммо ин бадхоҳон ҳеҷ гоҳ наметавонанд ба он мақсадҳои нопоке, ки дар солҳои навадум расида буданд, дигарбора расанд. Чашми мардум кушода шудааст ва онҳо некро аз бад, сиёҳро аз сафед фарқ мекунанд. Барои мардум дигар манфиатҳои миллӣ ва сулҳу оромӣ болотар аз ҳангомаҳои ин бадхоҳон аст.

Имрӯз онҳо аз минбарҳои баланд бар зидди ватани азизашон баромад мекунанд. Дар вақти баромадашон ҳатто бо забони русӣ саҳеҳ суҳбат карда наметавонанд боз даъвои баромад дар арсаи байналмиллаӣ мекунанд. Ин худ исботи он аст, ки гурӯҳи мардуми бадхоҳу мардумфиреб дар як ҷо ҷамъомадаанд ва ҳаёти орому осоиштаи мардуми тоҷикро ноором карданӣ ҳастанд.

Дар зарфи 28-сол сатҳи зиндагии ҳар хонаводаи тоҷик ба таври чашмрас рушд кардаву боло рафт. Аз ҳама муҳим, халқи тоҷик ҳамчун халқи сулҳпарвар ва тамаддунофар муаррифӣ гардид.

Барои ин ҳақиқатро пазируфтан Тоҷикистони имрӯза 27-28 сол муқаддам, бо айби ба ном наҳзатиёни исломӣ баринҳо оғӯштаи хоку хун гашта буд, ки имрўз боз даъвои ватану ватандорӣ мекунанд.

Шукронаи давлатдории муосир, ки тавассути васоити ахбори омма хабарҳо оид ба истифода додани иншоотҳои гуногуни муҳими давлатӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ пахш мешавад. Имрӯз мо ҳама тоҷикистониён аз сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумат розиему шукргузор. Ғайри шумо, барин беватанҳо ва хоинони миллат, ки дар дил танҳо бухлу ҳасаду кина дигар ҳеҷ чиз надоред. Худро чун мурғи посӯхта ба ҳар дар мезанед. Чунки ин ҳама ободкориҳо хилофи нақшаҳои тарҳрезишудаи шумову хоҷагонатон аст.

Ва зимнан  САҲА-ро мебояд, ки агар воқеан дар талоши демократия ва адолати инсонҳост пас бояд ба ин ҳаракатҳои ифротию экстремисти минбар надиҳанд. Зеро тавре, ки гуфтем ҳадафи ин гуруҳҳо танхо ноороми ва барҳам додани суботи сиёси ва қудратхоҳи мебошад. Халқи шарифи Тоҷикистон чеҳраи аслии ин хоинонро хубу бехтар шинохтааст ва ҳеч гоҳ ба сафсатаю ҳарзагуии онҳо дигар ҳаргиз бовар намекунанд.

Маорифчиёни шаҳри Панҷакент.