Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон

Муаллим, омӯзгор – сарвару саркори инсон

Чун анъана, ҳар сол дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Рӯзи омӯзгор бо шукӯҳу шаҳомати ҷашн гирифта мешавад.

Имсол низ бо ибтикори факултети филология, ба хусус кафедраи забон ва адабиёти тоҷик як маҳфили хеле зебо, пур аз меҳру самимият, бо иштироки тамоми устодону шогирдони донишкада дар толори калони Қасри Геологҳо баргузор гардид. Сухани ифтитоҳиро ноиби ректор оид ба таълим номзади илмҳои иқтисодӣ Фирдавс Наҷмиддинов гуфта, ҳозиринро аз номи Ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, профессор Ансорӣ М. Қ  табрик намуд.

Шогирдон бо як  маҳорати хосу ҳунарнамои бемисл ҳама устодонро бо рӯзи омӯзгор ва таҷлили Рӯзи забон  муборакбод намуданд.

Махсусан қироати ғазал аз ҷониби устоди ҷавони кафедраи забон ва адабиёти тоҷик Равшанов Шамс доир ба забони тоҷики муаасиру хотирмон буд.

Баъди тақдими гулдастаҳои тару тоза ба устодон барномаи рангини консертӣ барпо гардид.

Дар интиҳо ноиби ректор оид ба тарбия  ва ташкилӣ, номзади илҳои педагогӣ Сироҷзода Фотима ба як қатор устодону кормандони Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент сипосномаҳои раёсати донишкадаро ба ифтихори Рӯзи забон ва меҳнати пурмаҳсул дар тар тарбияи насли  ҷавон супурд. Шабнишинӣ хеле хотирмону дилошӯб гузашт.