Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон

Вохӯрии судманд – кафили равобити дӯстона

Санаи 12.10.2019 Муҳаммадтақӣ Собирӣ сафири нави Чуҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Панҷакенти бостонӣ ба диёри падари шеъри форси дарӣ қофиласолори назми аҷам устод Абӯабдуллоҳи Рудакӣ махсусан ба макони илму маърифат Донишкадаи омузгории Тоҷикистон дар шахри Панҷакент ташриф оварда бо донишҷӯён ва устодони донишкада сӯҳбат оростанд ва сухани хешро бо як мисра шеъри маъмули Рудакӣ:

Буи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме,

Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.

oғoз намуда перомуни масъалаи омӯзиш бештар суханронӣ намуданд.  Аз ҷумла қайд намуданд, ки “Банда ифтихор аз он дорам, ки замоне ман  низ омӯзгор будам! Ва аз ин ҷост, ки ба ин макони илму адаб ташриф овардам”. Ҳамчунин дар муроҷиат ба донишҷуён таъқид намуд, ки ҳар яки шумо ба унвони меросдорони ин фарҳангу абёти гаронбаҳо ин давраҳои паси миз нишастанҳоро қадр намуда дониши хешро мукаммал намоед ва баҳри рушду нумӯи ояндаи халқу ватани хеш саҳмгузор бошед. Зеро ҳар миллате, ки хоҳад ба пои хеш солҳои тӯлони истод бошад ба кадрҳои эътимодноки ва тахассусманд ниёз дорад.

Дар поёни вохӯрӣ ректори донишкада профессор Ансори М.Қ ба хотири эҳтирому ихлос ва суннати меҳмондории тоҷикон ба сафири мӯҳтарам Муҳаммадтоқи Собирӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд. Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон  мӯҳтарам Муҳаммадтоқи Собирӣ низ ба Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент зиёда аз 100 китоби илмию бадеӣ эҳдо намуд, ки  ин барои таҳким ва густариши минбайдаи тарафайн заминаи хубе хоҳад буд.

Вохӯрӣ меҳмонон дар сатҳи олӣ гузашт.