Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон

Ҳамкориҳои байналхалқӣ тавсия меёбанд

Аз 8 то 20 октябри соли равон ректори ДОТП, пофессор Муаззамхон Ансорӣ Қудратзода, ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия профессор Шодмон Воҳидов бо даъвати як қатор донишгоҳҳои маъруфи Туркия ба Истамбул сафари хизматӣ доштанд.

Рўзи аввал донишмандони донишкадаро раиси генералии Маркази тадқиқоти таърих, маданият ва санъати исломӣ Халит Ирен қабул намуда, дар бораи марказ ва фаъолияти он ахбор дод. Ин ташкилоти байналмилалӣ бо 56 кишвари исломӣ, аз он ҷумла бо Тоҷикистон низ ҳамкорӣ дорад. Ректорва ноиби ў ба китобхона, шўъбаи табъу нашр ва бо асарҳои ба табърасидаи марказ ошно гаштанд.

Ректори донишкада Ансорӣ М. Қ. аз тарафи ректори донишгоҳи пешқадамтарини Туркия – Донишгоҳи Истиния дар Истамбул профессор Эрдал Караўз пазироӣ гардид ва миёни ду муассисаи таълимӣ шартномаи тарафайн имзо гардид. Ҳар ду ҷониб ба он хулоса омаданд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол зери роҳбарӣ ва сиёсати оқилонаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи нави муносибати байналмилалӣ гузашта, сиёсати дарҳои кушоди худро пеш мебарад.

Олимони тоҷик дар Донишгоҳи Истамбул ва Донишгоҳи маданияти Истамбул доир ба таърих ва маданияти мардуми Осиёи Миёна, халқи тоҷик сўхбатҳои илмии доманадор доштанд. Ин вохўриҳо дар фазои хуби меҳмондорӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид. Роҳбарияти ин ду донишгоҳ низ барои ҳамкории ҳамаҷониба изҳори ақида намуданд.

Бо даъвати роҳбарияти Донишгоҳи Салҷуқ М.Ансорӣ ва Ш.Воҳидов ба Қуния (Иконон) даъват шуданд. Меҳмононро дар истгоҳи роҳи оҳан декани факултаи таърих ва адабиёт Мустафо Демирчӣ пешвоз гирифта, ба суҳбати раёсати донишгоҳ ҳидоят намуд. Миёни Донишгоҳи Салчуқ ва ДОТП низ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар Қуния  олимони тоҷикистонӣ аз музей-мақбараи Ҷалолиддини Румӣ- Мавлонои Рум дидан намуда, бо таассуроти бой ба Ватан баргаштанд.

Чунин сафар ва воҳуриҳо ном ва манзалати Тоҷикистонро боз ҳам боло бардошта, ҳамкориҳоро дар соҳаи таълим ва илм вусъат мебахшад.