Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

Магистратура

                                                 ШУЪБАИ МАГИСТРАТУРА ВА ДОКТОРАНТУРА АЗ РӮИ ИХТИСОС (PhD)

Safarov Samandar1

 

 

 

 

 

 

Сафаров С. С.

Сардори шӯъбаи магистратура ва докторантура аз рӯи ихтисос (PhD)

    

           Донишкадаи Омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», тибқи Иҷозатномаи Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ, тибқи меъёрҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, меъёрҳои муайянкунанда ва назорати раванди таълим дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва таҳсилоти иловагӣ аз рўйи самт (ихтисос), сатҳи таҳсилот, муҳлат бо назардошти теъдоди донишҷўён, магистрҳо, докторантҳо дар Донишкадаи Омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, тибқи иҷозатномаи АУ № 0002314 Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули донишҷўёнро барои гирифтани таҳсил дар шуъбаи рўзонаи магистратура аз рўйи ихтисосҳои зерин муайян намудааст:

1. 1-020501 Математика

2. 1-020505 Информатика. Физика
3. 1-020306 Забони англисӣ
4. 1-020301 Забон ва адабиёти тоҷик
5. 1-020302 Забон ва адабиёти рус
6. 1-250108-18 Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар соҳаи маориф
7. 1-310101 Биология
8. 1-020404 Химия
9. 1-020101 Таърих
10. 1-21030102 Таъриху бостоншиносӣ
11. 1-030201 Тарбияи ҷисмонӣ
12. 1-010202 Таҳсилоти ибтидоӣ
Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои довталабон ба комиссияи қабул ва комиссияи аттестатсионӣ аз 20 июн то 10 август ва муҳлати гузаронидани суҳбат ва имтиҳон аз 11 то 25 август таъин карда мешавад. Тамдиди муҳлати қабул ва гузаронидани суҳбату имтиҳонҳо танҳо аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ӣчозат дода мешавад.
Довталабон барои дохил шудан ба зинаи магистратура мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии зинаи таҳсилоти олии касбӣ, баъдидипломӣ ва Қоидаҳои мазкур ба комиссияи қабули муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ дар муҳлати муқарраргардида ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод мекунанд:


-ариза ба номи ректор (директор)-и муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ;
-дипломи намунаи давлатӣ бо замимааш дар бораи хатми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (нусхаи асл);
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ дар хусуси фаъолияти корӣ вобаста ба самт, равия ва ихтисоси интихобкарда (агар бошад);
- 6 дона сурати андозаи 3 х 4 см;
- маълумотномаи тиббии шакли 086-у;
- шиноснома ё ҳуҷҷат дар бораи тасдиқи шахсият.


Донишкадаи Омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, тибқи иҷозатномаи АУ № 0002314 Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули магистрантонро барои гирифтани таҳсил дар докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) аз рўйи ихтисосҳои зерин муайян намудааст:

1. 6D010900 Математика
2. 6D011100 Информатика
3. 6D011700 Забон ва адабиёти тоҷик
4. 6D011800 Забон ва адабиёти рус
5. 6D011300 Биология
6. 6D011400 Таърих
7. 6D010300 Педагогика ва психология

 

Таҳсил рузона буда, муҳлати тахсил 3 сол аст.
Боиси тазаккур аст, ки шуъбаи магистратура ва докторантураи ДОТП бо шуъбаҳои магистратура ва докторантураи Донишгоҳи педагогии ба номи М.Ф Достоевский-и шаҳри Омски Федератсияи Россия ва Донишгоҳи Чимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон шартномаи ҳамкорӣ дорад.
Номгўи ҳуҷҷатҳо, ки барои дохилшавӣ ба докторантура аз рўи ихтисос пешниҳод мешаванд:
- ариза ба номи ректор;
- нусхаи шиноснома;
- анкетаи дохилшаванда ба докторантура;
- нусхаи нотариалӣ тасдиқкардашудаи дипломҳои таҳсилоти олӣ ва баъдидипломӣ ва замимаҳои он (дипломи бакалавр ва магистр);
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, ки аз тарафи шуъбаи кадрҳо тасдиқ карда шудааст (ҳангоми доштани собиқаи корӣ);
- сертификати супурдани имтиҳонҳои иловагӣ аз забони хориҷӣ, дар сурати мавҷуд будан (TOEFL ва ғайра);
- мактубҳои тавсиявӣ (бо тасдиқи муҳри ташкилот);
- рўйхати чопи мақолаҳои илмӣ ва корҳои таълимӣ-методӣ (дар ҳолати надоштан, пешниҳод намудани реферат аз рўи ихтисос бо тақризи на камтар аз ду мутахассиси соҳа);
- асосномаи таҳқиқоти диссертатсионии ба нақшагирифташуда дар мувофиқа бо мушовири илмии ватанӣ ё хориҷӣ (тибқи дархости муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ);
- тасдиқномаи тиббӣ шакли 086-У;
- 6 расми андозаи 3х4.

Тамос

Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

Суроғаи мо: 734000, Ҷумҳурии Тоҷикистон,
вилояти Суғд, ш.Панҷакент, х.Рудаки 108

  • Телефон: (+992) 34 75 5 40 50

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Шумо метавонед инчунин бо мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар тамос бошед.
Аз ҳаёти Донишкада бо хабар бошед.