Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

ДОНИШКАДА – ПАДИДАИ ИСТИҚЛОЛ

 

rector pip

 

Дар арафаи ҷашнҳои бузурги дар пешистода – 25- солагии Истиқлолияти     давлатии ҶТ ва 25 – солагии таъсисёбии Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон    дар шаҳри Панҷакент мо суҳбате оростем бо ректори Донишкадаи омўзгории   Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент  Муаззамхон Қудратзода Ансорӣ.

   - Устоди азиз, қаблан Шуморо бо фарорасии ин ду ҷашни саид табрик менамоем. Чун донишкада дар водии Зарафшон ягона муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба шумор меравад, лутфан аз таърихи таъсисёбии он андаке маълумот медодед.

  - Ташаккур. Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон, ки аввал ҳамчун шуъбаи маркази осиёимиёнагии Донишгоҳи озоди Руссия ва сипас ҳамчун Донишгоҳи озоди Тоҷикистон амал мекард, яке аз падидаҳои неки даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон, ки дар водии  Зарафшон ягона муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мебошад, яке аз ҷавонтарин донишгоҳҳои олии мамлакат маҳсуб меёбад ва ҳамсоли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ифодакунандаи орзую омоли чандинасраи халқи тоҷик буда, дар охири садаи 20 ба амал омад, имкон дод, ки на танҳо дар пойтахти кишвар ва шаҳрҳои бузург, балки дар музофотҳо ва шаҳрҳои хзурд низ донишгоҳҳо арзи вуҷуд намуда, барои хоҷагии халқи мамлакат беҳтаримн мутахассисонро тайёр намоянд. Ин буд, ки соли 1991 ҳамчун филиали Донишгоҳи озоди Рассия ба фаъолият оғоз намуд.

   - Роҷеъ ба асосгузорони аввалини донишкада чӣ гуфтаанд?

  - Чӣ тавре ки гуфтем, донишкадаи мо ҳамсоли Истиқлол буда, аз соли 1991 инҷониб амал мекунад. Бисёриҳо гумон доштанд, ки дар як шаҳри кўчак ва дур аз марказ амсоли Панҷакент ташкили як донишгоҳ ё донишкада аз имкон берун наст. Ё дар ҳолати ташкилшавӣ ҳам дер намепояд ва ягон кори назаррасеро ба иҷро расонида наметавонад. Аммо ҳаёт нодурустии ин ақидаро исбот намуд ва хушбахтона аввалин поягузорони донишкада аз қабили Ҳотамов А, Хоҷ С А, Кудлаева Е Н, Каримов А ва камина баҳри пойдории ин муассисаи навқадам талошҳо варзидаем ва чандин монеаҳоро убур кардем, то ки барои ташнагони илму дониш хизмат карда бошем. Шодравонҳо Ҳотамов А ва Хоч С А  руҳашон шодо бод, ки бо чунин амали нек дар таърихи донишкада номи неки хешро гузоштаанд.

  - Устод, кунун дар донишкада чанд факултет ва чанд ихтисос амал мекунад?

  - Донишкада бо файзи Истиқлол рушд карда, заминаи моддию техникии он мукаммал гардид, шумораи муаллимону мутахассисони он рўз аз рўз афзуда истодааст. Кунун донишгоҳ дорои 7 факулта ва 24 ихтисос аст. Тамоми синфхонаҳои таълимӣ  бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз кардидаанд. Дар донишкада 3 маркази фарҳангӣ амал мекунад: Маркази фарҳангии Амрико, Маркази фарҳангии Чинӣ ва Маркази фарҳангии Руссия, ки барои забономўзии донишҷўён ва устодон мусоидати саривақти мекунад.

  - Базаи илмии донишкада дар кадом сатҳ аст?

  -  Дар донишкада устодони дараҷаи илмӣ дошта рўз аз рўз афзуда истодаанд. Базаи илмии донишкада пайваста мустаҳкам гардида истодааст. Донишҷўёни дараҷаи бакалаврро ба итмом расонида метавонанд ҳамчун магистр таҳсили 2- солаи худро  инҷо давом диҳанд. Дар ин самт донишгоҳи мо бо донишгоҳи омўзгории шаҳри Омски Федератсияи Россия ҳамкорӣ дорад. Ҳамчунин шуъбаи илми донишкада унвонҷўён ва докторантонро фаро гирифтааст, ки онҳо низ имкон доранд минимуҳои номзадии худро инҷо супоранд. Шумораи магистрҳо ба 50 ва унвонҷўён ба 38 нафар расидааст. Умед дорем, ки оянда донишкадаи мо  аз доираи маҳдудият берун баромада, таҳсили минбаъдаи донишгҷўёни фориғуттаҳсилро таъмин менамояд.

  - Дар бораи олимпиадаҳои байни донишҷўён чӣ гуфтание доред?

 - Хушбахтона,  муваффақиятҳои бадастовардаи толибилмони донишкада дар олимпиадаҳои байни мактабҳои олии мамлакат хурсандибахш аст.Донишҷўёни шуъбаи англисии факултаи забонҳои хориҷӣ Гулзора Ҳасанова, Фарангис Элбоева, Умед Иноятов, Шараф Раззоқбердиев тавонистанд сазовори ҷойҳои намоён гарданд. Донишҷўи курси 3 –и ихтисоси забони англисӣ Наҷмиддинов Н. дар олимпиадаи ҷумҳуриявии байни мактабҳои олӣ ғайриихтисос сазовори дипломи ВМ гардид. Ҳамчунин дар Академияи илмҳои ҶТ дар озмуни донишҷўёни лаёқатманд иштирок намуда, сазовори Ифтихорномаи ВМ гардида, обрўи донишкадаро дар миқёси ҷумҳурӣ баланд бардошт. Шогирдони донишкадаи мо чандин маротиба дар озмунҳои ҷумҳуриявии Рўдакихонӣ , Ҳофизхонӣ , Мавлавихонӣ ва Лоиқхонӣ маҳорати махсус нишон дода сазовори ҷойҳои намоён гардиданд ва ворисони асили Рўдакӣ будани хешро исбот намуда, соҳиби ифтихорномаҳои Вазорати маорифи ҶТ гардиданд. Мо бо ифтихор метавонем номҳои Рухсора Мукаррамова, Шоҳида Юнусова. Сарвосо Қозиева, Мавлуда Раҳимова ва Дилафзун Раҳмоноваро ҳамчун иштирокчиёну ғолибони озмунҳои мазкур ба забон орем.

  - Дурнамои донишкадаро дар чӣ мебинед?

   Пайёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки дар он вазъи кунунии кишвар ва дурнамои он ҳаматарафа таҳлил ёфтааст, ба кормандони донишкада рўҳу илҳоми тоза бахшид ва онҳо баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашнҳои 25-солагии Итиқлолияти кишвар, 25 –солагии таъсисёбии Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент тамоми кўшишу ғайрати худро равона карда истодаанд.

Боиси хурсандист, ки ҳайати профессорону устодони донишкада баҳри ба амал тадбиқ намудани гуфтаҳои Президенти кишвар пайваста амал намуда, натанҳо барои баланд бардоштани самаранокии таълим кўшиш менамоянд, балк ки ба корҳои эҷодию илмӣ низ машғул мебошанд ва дастовардҳои илмии онҳо тўҳфаи арзандаест ба пешвози ҷашнҳои бузурги кишвар.

Тамос

Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

Суроғаи мо: 734000, Ҷумҳурии Тоҷикистон,
вилояти Суғд, ш.Панҷакент, х.Рудаки 108

  • Телефон: (+992) 34 75 5 40 50

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Шумо метавонед инчунин бо мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар тамос бошед.
Аз ҳаёти Донишкада бо хабар бошед.
Асосӣ ДОНИШКАДА – ПАДИДАИ ИСТИҚЛОЛ