Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

Факултети таърих

isroilov

 

 

 

 

 

 

                                                                                                                                                                                                                                                                                     Исроилов С.- декани факултети таърих

      Факултети таърих соли 2004 таъсис ёфта, ҳоло  аз рўи 2 ихтисос мутахассис тайёр менамояд:

- таъриху ҳуқуқ;

- таъриху бостоншиносӣ.

Факултет дорои ду кафедра: таърих,   бостоншиносӣ ва мероси ниёгон , фанҳои ҷамъиятӣ ва ҳуқуқ  мебошад, ки дар онҳо зиёда аз 24 нафар устодон, аз ҷумла:

1 нафар доктори илм

4 нафар номзади илм

3 нафар унвонҷўй

14 нафар устодони калон ва устодон фаъолият менамоянд.

2 нафар асистентон.

 

 

Факултет асосан барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ омўзгорони баландихтисоси фанни таърих ва ҳуқуқро тайёр менамояд. Дастпарварони факултет ҳамчунин метавонанд дар донишгоҳҳои олӣ, муассисаҳои илмӣ, бойгониҳо, осорхонаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар идораву муассисаҳои давлатӣ кору фаъолият намоянд.

58

Олимон, устодони факултет  ҳамеша аз назари ҷаҳонишавии  илму маърифат ба донишҷўён  омўзонидани асосҳои илмии  ҳар як фанро бо тайёрии пухта,  шавқовару фаҳмо ва аёнӣ мегузаронанд. Осорхонаи ба  номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ,  мамнўъгоҳи бостоншиносии  Саразм, Панҷакенти қадима  манбаҳои асосии донишомўзии  донишҷўён ба ҳисоб меравад.

Устодони факултет  Исматулло Раҳматуллоев, Шарофиддин Қурбонов дар асоси маводҳои бостоншиносии Саразм, Панҷакенти қадим ва қалъаи Санҷаршоҳ асарҳои илмӣ нашр намудаанд.

Соли равон китоби номзади илми таърих Исматулло  Раҳматуллоев «История жилого квартала древнего городища  Пенджикента 7-8 вв.» ба табъ расид, ки барои омўзиши таърихи Панҷакенти қадима дастури хеле хуб мебошад.

Ҳамчунин китобҳои номзади  илми таърих - бостоншинос Шарофиддин Қурбонов «Античные  памятники верховьях Зерафшана», «Санчаршах – ране средневековых памятник» (соли 2013, қисми 1) ба табъ расид.  Дар факултети таърих устодони соҳибтаҷрибаю лаёқатманд ба шогирдон аз рўи ихтисосҳои таърих, таърих ва бостоншиносӣ, таърих ва ҳуқуқ дарс мегўянд. Дар раванди таълим технологияҳои рақамии муосир, осорхонаҳо, аёниятҳо барои донишандўзӣ васеъ истифода бурда мешаванд.

Шиносоӣ бо ёдгориҳои таърихӣ, иштирок дар ҳафриётҳои ёдгориҳои қадимии водии Зарафшон ва берун аз он, вохўриҳои судбахш бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  ба донишҷўён барои андўхтани таҷриба кўмак мерасонад.

 konferensiyanisugdshinos

Тамос

Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

Суроғаи мо: 734000, Ҷумҳурии Тоҷикистон,
вилояти Суғд, ш.Панҷакент, х.Рудаки 108

  • Телефон: (+992) 34 75 5 40 50

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Шумо метавонед инчунин бо мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар тамос бошед.
Аз ҳаёти Донишкада бо хабар бошед.
Асосӣ Факултети таърих