Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

Факултети забонҳои хориҷӣ

ansorov    Ансоров С. - декани факултети забонҳои хориҷӣ

Ташкил кардани факултети забонҳои хориҷӣ ин талаби айём аст. Дар давраи ҳозира, ки замони тараққиёти илму техника ва технологияи навин мебошад. Омўхтани забонҳои хориҷӣ хеле зарур аст. Президенти мамлакатамон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки дар шароити имрўза ҳар кас, хусусан насли ҷавон, бояд камаш ду – се забонро донаду бо он озодона муошират карда тавонад. Сарвари давлат дар навбати аввал омўхтану донистани забонҳои русиву англисиро таъкид кардааст. Ин маънои онро надорад, ки мо бо донистани ин ду забон маҳдуд шавем. Мо чи қадар бештару хубтар забонҳоро аз худ намоем ҳамон қадар ҷаҳонбиниамон васеъ, мафкураамон мустаҳкам ва қобилияти фикррониамон хубтар мешавад. Ба ин маънӣ шоир хеле хуб фармудааст:

Агар сесад забон донӣ фузун нест,
Ҳама рўзе ба кор ояд, забун нест.

Оре, ҳаёт нишон медиҳад, ки дар баробари омўхтани забони модарӣ донистани забонҳои русиву англисӣ, хитоӣ ва дигар забонҳо хеле зарур буда, дўстӣ ва ҳамкории ҷумҳурии моро бо давлатҳои дигар мустаҳкам месозад. Дар Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент аз соли 2011 инҷониб омўзиши забони хитои ба роҳ монда шуда, ҳоло аксари донишҷўёни мо бо ин забон озодона гуфтугў карда метавонанд. Боиси хурсандист, ки айни замон 28 нафар донишҷўёни мо дар донишгоҳу донишкадаҳои шаҳрҳои Пекин, Шанхай, Гуанҷоу, Сиамин, Вухан, Урумчи ва дигар шаҳрҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой таҳсил намуда истодаанд. Дар таълиму тадриси забони чинӣ ҳиссаи устод Ҷон Лай, профессори Донишгоҳи омўзгории Синсзян хеле калон мебошад.

Ҳоло дар факулта ихтисосҳои забонҳои русӣ англисӣ аз соли 2001 ва чинӣ аз соли 2011 то соли 2014 дар факултети филология омўзонида мешуд. Зарурати омўхтани забонҳои гуногуни хориҷиро ба инобат гирифта, бо қарори Шўрои олимони ДОТ аз 28 – уми марти 2014 дар донишкада факултети мустақили забонҳои хориҷӣташкил карда шуд.

Аз соли таҳсили 2014 – 2015 сар карда, инчунин ба таълими забонҳои немисӣ, фаронсавӣ, арабӣ, ва японӣ, (дар шакли тарҷумон) оѓоз намудем ва зиёди ин ихтисосҳо донишҷўён бомуваффақият таҳсил доранд.

Факултет дорои кафедраҳои забонҳои хориҷӣ, забон ва адабиёти рус ва кафедраи забони англисӣ мебошад. Шумораи умумии донишҷўёни факултет зиёда аз 250 ташкил намуда, ба онҳо устодони пуртаҷриба донишманд, номзадҳои илми филологӣ Холов Ҷ., Усмонов Ҷ., Тоирова Д., устодони калон Мирзоев Ҳ., Ҳақбердиева Н., Кўҷмуродова Н., ва амсоли онҳо дарс мегўянд. Аз Ҷумҳурии халқии Хитой устодони бомаҳорат Ҷон Лай, Ву Ибин, Джан Чао, Чен Тсзяо Тсзяо ва Ли Джэ даъват шудаанд, ки бо маҳорати баланд ин забонро ба донишҷўёнзабони чиниро меомўзонанд.

Хатмкунандагони факултет метавонанд, ки дар муасисаҳои таълимӣ ҳамчун омўзгор, дар коронаву ташкилотҳо ба сифати тарҷумон кору фаъолият намоянд. Барои донишҷўён дар факултет баҳри ба дараҷаи аъло азхуд намудан ва озодона фикри худро баён намудан бо ин забонҳо тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Марказҳои фарҳангии Чин ва Амрико амал менамоянд. Донишҷўён метавонанд аз ин марказҳо самаранок истифода барандва пайваста савияи дониши худро баланд бардоранд. Онҳо ба тамоми намудҳои китобҳои электронии таълимӣ, компютерҳо таъминанд.

Дурнамои факултаи мо боз ҳам дурахшон аст. Мо ният дорем дар оянда аз рўи зарурат ва талабот боз ихтисосҳои нав ташкил намуда, шумораи ихтисосҳо ва донишҷўёнро афзун гардонидасатҳи сифати таълимро ба дараҷаи баланд бардорем. Ҳамаи ин ба мо имконият медиҳад, ки мутахассисони варзидаю лаёқатманд ва соҳибкасбро дараҷаи тайёр намуда, шўҳрати донишкадаи ҷавону азизамонро афзун гардонем, то он дар радифи беҳтарин донишкадаҳо қарор дошта бошад.

Тамос

Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

Суроғаи мо: 734000, Ҷумҳурии Тоҷикистон,
вилояти Суғд, ш.Панҷакент, х.Рудаки 108

  • Телефон: (+992) 34 75 5 40 50

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Шумо метавонед инчунин бо мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар тамос бошед.
Аз ҳаёти Донишкада бо хабар бошед.
Асосӣ Факултети забонҳои хориҷӣ