Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

Факултети менеҷмент

 boqieva     Боқиева У. - декани факултети менеҷмент

Факултети менеҷмент зодаи истиқлол буда, таърихи 24-сола дорад. Ин факултет фаъолияти худро дар таркиби Маркази Осиёмиёнагии Донишгоҳи озоди Русия соли 1991 огоз намудааст. Сипас, яке аз факултетҳои Донишгоҳи Озоди Тоҷикистон буда, ҳоло ҳамчун факултети Донишкадаи омузгории Тоҷикистон дар ш.Панҷакент  фаъолият карда истодааст. Дар тули ин 24 сол дар   факултет  мутахассисони соҳаи идоракунӣ (менеҷмент) тайер карда мешаванд. Дар аввали ташкилебӣ дар факултети менеҷмент аз руи ихтисосҳои: менеҷменти тиҷоратӣ ва менеҷменти фермерӣ (агробизнес) мутахассисон тайер карда мешуданд. Мутахассисони аввалин дар соли 1995  факултетро хатм намуда, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишварамон ва дигар ҷумҳуриҳо фаъолияти меҳнатии худро огоз намудаанд. Факултет дар солҳои мавҷудияти худ  20 хатмро аз сар гузаронида,  кариб 1000  нафар мутахассисони баландихтисос тайер кардааст. Хатмкунандагони факултети менеҷмент дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, савдо, бонкҳо, сохторҳои давлат, сохтмон, хоҷагии қишлоқ, бизнеси хурд ва миена ва гайра фаъолияти босамар карда истодаанд.

Масалан, Орипов Шамсимаҳмад – мутахассиси пешбарандаи нозироти андози вилояти Суғд, Мирзоева А.,Нормаҳмедова Н. кормандони ҳукумати ш.Панҷакент, Эшбеков А.- сармуҳосиби «Агроинвестбонк» дар ш.Панҷакент, Боқиев Ф.- сарменеҷери шуъбаи фуруши заводи «Коломенское» дар ш.Москва, Усмонов Б.- корманди Агентии стандарти давлатӣ, Ҳайдаров О. сармуҳосиби «Тоҷиксодиротбонк», Хафизова М.- ҷонишини мудири шуъбаи ҳифзи иҷтимоии хукумати ш.Панҷакент, Кенҷаев П., Низомова Ҳ.,Раҳимов Ҳ.,Неъматиллоев И. – кормандони бонкхои ш.Панҷакент, Каримов М.- мудири шуъбаи маориф, Эргашева Х.- самуҳосиби шуъбаи маорифи ш.Панҷакент ва чанде дигарон дастпарварони ин факултет буда, чун мутахассисони беҳтарини соҳаи худ шинохта шудаанд.   Барои тайер кардани ин мутахассисон саҳми асосгузорон ва муассисони  факултет ва донишкада Хоч С.А. ва номзади илмҳои иқтисодӣ Кудлаева Е.Н. хеле бузург аст. Гузариш ба иқтисоди бозоргонӣ зарурияти таъсисёбии ин факултетро ба миен овард. Онҳо ҳангоми таъсисдиҳии ин факултет таҷрибаи пешқадами ҷаҳониро оиди тайер намудани мутахассисони варзидаи ин соҳа асос гирифта худашон аввалин барномаҳо ва нақшаҳои таълимиро оид ба тайер намудани мутахассис  - менеҷер мураттаб сохтанд. Ҳамчунин устодони номдору бомаҳорат аз ҷумла, н.и.и. Бобоев Ҳ.Ш., д.и.таърих А.Исоқов, н.и. иқтисодӣ, академик Тошев О.Т., д.и.и.Шерова  Н.Д., дорандаи ордени «Шараф» Атоев З.А. ва дигарҳо.

Боиси хурсандӣ ва сарфарозист, ки як гурўҳ хатмкардагони болаёқату фаъоли факултет барои кор дар худи донишкада монда, сафи омўзгоронро пур намуданд. Роҳбарияти факултет, донишкада ҳамеша барои баланд бардоштани савияи дониши омўзгорон, таҳсили онхо дар аспирантура ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Омўзгори факултет Боқиева Умеда Ҷўрақуловна ханўз соли 2002 рисолаи номзадиашро бомуваффақият дифоъ намуд. Омўзгорон Каримов М.Б. ва Саъдиллоев Ҷ., Наҷмиддинов Ф., Холиқов Ҷ. бошанд мавзўъҳои рисолаи номзадиашонро муайян намуда, доири он   кори илмӣ карда истодаанд. Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши илмӣ-методӣ як гурўҳ омўзгорон ба курсхои такмили ихтисосро дар донишгохҳои гуногун, аз ҷумла ш.Омски ФР гуш карда, дар ин бора хуҷҷат гирифтанд.
Сарварии факултет аз соли 2008 инҷониб дар уҳдаи хатмкунандаи ин факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ Боқиева У.Ҷ. мебошад.  Имруз факултети менеҷмент ҳамқадами замона мебошад. Бо назардошти ниези   ҷамъияти имрузаи мо факултет тайер кардани   мутахассисони соҳаи идоракунии маориф ва соҳаи туризмро   ба зимма гирифтааст. Ҳамин тавр, дар факултет  аз руи 4 ихтисос: менеҷменти соҳаи маориф, бахисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит хизматрасонии иҷтимоӣ ва туризм, менеҷменти соҳаи сайёҳии байнанмиллалӣ мутахассисон тайёр карда мешаванд. Дар ихтисосҳои номбурда дар шуъбаҳои рузона ва гоибона иқтисодчиёни соҳаи маориф, мутахассисони соҳаи туризм ва менеҷерони соҳаи туризм тайёр карда мешаванд. Айни замон дар факултети менеҷмент 400 нафар таҳсил менамоянд. Факултет бо технологияҳои нав муҷаҳҳазонида шудааст: синфи компютерӣ, тахтаҳои электронӣ, диапроекторҳо, шабакаи интернет ва ғ. дар ихтиёри донишҷуён мебошад.

Дар факултет кафедраи назарияи иқтисодӣ ва идоракунӣ амал мекунад, ки дар он 11 нафар устодон, аз он ҷумла, 2 номзади илмҳои иқтисодӣ, 3 унвонҷу фаъолият менамоянд. Устодони кафедра дастурҳои методӣ, курсҳои лексия, маводҳои ерирасон оид ба азхудкунии маводҳои таълимӣ, мақолаҳои илмӣ, методӣ омода менамояд. Мақолаҳои илмии устодони кафедра дар нашрияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва дохилии донишкада нашр мешаванд. Аз ҷумла, дар “Ахбор”-и академияи илмҳои ҶТ “Взаимодействие государства и бизнеса в решении социальных проблем”, “Социальная ответственность бизнеса”  “дастури методӣ аз фанни Иқтисодиёти корхона” ва ғ. - муаллиф Наҷмиддинов Ф.

Дар донишкада дар самти ихтисосҳои факултети менеҷмент магистратура низ фаъолият мекунад, ки пеш аз ҳама ба давом додани таҳсили хатмкунандагони болаёкати худи факултет мусоидат мекунад.

Дар факултет корҳои тарбиявӣ, ҷамъиятӣ низ хуб ба роҳ монда шудааст. Устодон ва донишҷуен ҳафтаҳои фаннӣ, конфоронсҳои илмӣ, вохуриҳо бо мутахассисони соҳаҳои гуногун, шабнишиниҳо, маҳфилҳои адабӣ, озмунҳои гуногун омода карда мегузаронанд. Дар чорабиниҳои донишкадавӣ  низ донишҷуен фаъолона иштирок карда, ба натиҷаҳои назаррас сазовор мегарданд. Ҳар сол донишҷуени факултети менеҷмент дар олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷуен аз руи фанҳои тахассусӣ ва ғайритахассусӣ иштирок варзида, бо ифтихорномаҳои Вазорати Маориф  мукофотонида шудаанд, соли 2009 - Комилова Азиза аз фанни «Назарияи иқтисодӣ», соли 2010 – Муродова Лола.        

Тамос

Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

Суроғаи мо: 734000, Ҷумҳурии Тоҷикистон,
вилояти Суғд, ш.Панҷакент, х.Рудаки 108

  • Телефон: (+992) 34 75 5 40 50

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Шумо метавонед инчунин бо мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар тамос бошед.
Аз ҳаёти Донишкада бо хабар бошед.
Асосӣ Факултети менеҷмент