Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

Робитаҳои хориҷӣ

17 феврали соли 2012 дар сохтори ДОТ дар шаҳри Панҷакент, шӯъбаи нав – Департаменти иттилоот, технология ва робитаҳои хориҷӣ ташкил шуд.

Департаменти мазкур шуъбаҳои зеринро дар бар мегирад – шуъбаи маълумот, шуъбаи техникӣ, шуъбаи байналмиллалӣ.

Бо максади иҷро намудани талаботи донишкада 01.09.2014, Департаменти технологияҳои иттилоотӣ ва робитаҳои хориҷӣ ба ду маркази калон тақсим шуд - «Маркази идоракунии робитаҳои хориҷӣ» ва «Маркази таълими фосилавӣ"
Мудири маркази идоракунии робитаҳои хориҷӣ - Ҳабибова Фарзона Маҳмудовна.
Маркази идоракунии робитаҳои хориҷӣ - як қисми ДОТ дар шаҳри Панҷакент, ки ба Раёсат илм дахл дорад.

Вазифаҳои марказ чунин мебошанд:

  • ҳал намудани масъалаҳои ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи маориф, педагогика ва илм;
  • рушди илм бо роҳи ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи тадқиқоти илмӣ;
  • таҳлили вазъият, натиҷаҳо ва дурнамои фаъолияти байналмилалии донишкада;
  • ташкили мубодилаи донишҷӯён, таҷрибаомӯзии тобистона дар хориҷа;
  • иштирок дар ташкил ва гузаронидани конфронси илмӣ ва амалӣ бо иштироки байналмилалӣ;
  • мусоидат ва таъмин намудани кормандони ДОТ бо маслиҳат оид ба масъалаҳои гуногун, вобаста ба фаъолияти байналмилалї;
  • таҷлили ҳисоботи солонаи кафедраҳои донишкада оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, ташаккули гузориши ягона;
  • тарҷумаи мукотибаи ҷории хориҷӣ, мусоидат намудан дар тарҷумаи ҳуҷҷатҳои кормандони ДОТ;
  • тартиб додани ҳуҷҷатҳои омӯзгорон, донишчӯён ва меҳмонони хориҷӣ барои бақайдгирии онҳо дар ШВКД.
  • расонидани кӯмаки методӣ ва машваратӣ дар омодасозии лоиҳаҳои байналмилалӣ, шартномаҳо, ва грантҳо барои даъват намудани кормандони хориҷӣ, ташкил намудани чорабиниҳои байналмилалӣ ва таҷрибаомӯзии донишҷӯён ва мутахассисони ҷавон дар хориҷӣ кишвар;
  • мониторинги татбиқии нақша ва ҳисоботи фаъолияти байналмилалии ДОТ ва тартиб додани протокол;
  • таъсис, таҷдид ва ислоҳ намудани базаи иттилоот барои фондҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ, муассисон ва манбаъҳои маблағгузории грантҳо;
  • мусоидат намудан ба робитаҳои байналмиллалии илмӣ, таълимӣ ва фарҳангии ДОТ;
  • иштирок дар ташкили конгрессҳои байналмилалӣ, конфронсҳо, семинарҳо (тайёр намудани даъватномаҳо, бақайдгирии мутахассисон ва шаҳрвандони хориҷӣ дар ШВКД, гирифтани раводид аз Вазорати корҳои хориҷӣ);
  • мукотибот бо шарикони хориҷӣ дар доираи лоиҳаҳои байналмилалӣ;
  • баҳисобгирӣ ва тартиб додани ҳуҷҷатҳои кормандон ва донишҷӯёни ДОТ  оид ба сафар ба хориҷи кишвар.

Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Паҷакент бо донишгоҳҳои хориҷи зерин ҳамкорӣ мекунад:

Дар Қазоқистон
- Академияи Қазоқистону Чин
- Донишгоҳи омӯзгории Уйғур

Дар Русия
- Донишгоҳи давлатии Вятск.
- Донишгоҳи давлатии идоракунӣ.
- Донишгоҳи башардӯстона.
- Донишгоҳи федералии Қазон (Волга).
- Донишгоҳи давлатии технологии Қазон.
- Донишгоҳи давлатии Марий.
- Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов.
- Донишкадаи давлатии хизматгузории Омск.
- Академияи давлатии тиббии Омск.
- Донишгоҳи давлатии омӯзгории Омск.
- Донишгоҳи давлатии техникии Омск.
- Донишгоҳи давлатии Омск ба номи Ф. М. Достоевский.
- Донишгоҳи давлатии Петрозаводск.
- Донишгоҳи давлатии Псков
- Академия давлатии автомобилии Сибир.
- Филиали Донишгоҳи молиявии назди ҳукумати Федератсияи Русия.


Таърихи ифтитоҳи марказҳои фарҳангӣ дар ДОТ дар шаҳри Панҷакент:

  • Маркази фарҳангии Амрико – 28 ноябри соли 2015 якҷоя бо Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ва Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон ифтитоҳ шудааст.
  • Маркази фарҳангии Чин – 31 майи соли 2014, дар якҷоягӣ бо Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ва Маркази Конфутсий дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ифтитоҳ шудааст.
  • Маркази забон ва фарҳанги рус – 26-уми сентябр соли 2015, дар ягҷоягӣ бо Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Омск ва филиали Донишгоҳи молиявии назди ҳукумати Федератсияи Русия ифтитоҳ мешавад.

Дар ояндаи наздик марказҳои фарҳангии Фаронса, Олмон ва Ҷопон бояд кушода шаванд.

Тамос

Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

Суроғаи мо: 734000, Ҷумҳурии Тоҷикистон,
вилояти Суғд, ш.Панҷакент, х.Рудаки 108

  • Телефон: (+992) 34 75 5 40 50

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Шумо метавонед инчунин бо мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар тамос бошед.
Аз ҳаёти Донишкада бо хабар бошед.