Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

Факултети табиатшиносӣ ва тарбияи ҷисмонӣ

 abdulloev    Абдуллоев Шавкат Усмонович. - декани факултети табиатшиносӣ ва тарбияи ҷисмонӣ;


Факултети табиатшиносӣ ва тарбия ҷисмонӣ

соли таҳсили 2007-2008 кушода шуд, ки дар он 99 нафар довталабон дохил шуданд. Дар факултет се кафедра фаъолият мекунанд:

  1. Кафедраи тарбияи ҷисмонӣ.
  2. Кафедраи биология.
  3. География.

Дар соли хониши 2010-2011 факултети табиатшиносӣ ва тарбияи ҷисмониро ба шарҳчаи «геолог» кӯчониданд, ки он дорои аудиторияи равшан ва зали консертие, ки барои 300 нафар ҷой дорад ва дорои майдончаи варзишие, ки барои гузаронидани машѓулиятҳои футбол, волейбол, баскетбол ва варзиши сабук шароити хуб дорад.

Дар соли таҳсили 2012-2013 дар факултет ихтисоси омодагии дифои ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонӣ кушода шуд.

Дар факултет маҳфилҳои варзишӣ аз рӯи машѓулиятҳои футбол, волейбол, баскетбол, шоҳмот, тенниси рӯи миз, гӯштини тарзи озод, бокс, якҳарба, варзиши сабук фаъолият мекунад.

Донишҷӯёни ихтисоси тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ машѓулиятҳои худро дар факултет ва қисми низомии 05170-и Вазорати Мудофиа мегузаранд. Бо ин донишҷӯён собиқадори Вазорати Мудофиа, подполковник Эсоев А.Б. дарс мегӯянд.

Аз ихтисоси биология – химия бошад, донишҷӯён дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ баромад намуда, аз фанни биология сазовори ҷойҳо ифтихори гардиданд.

Дар кафедраи география – биология маҳфили ҷамъияти илмии донишҷӯён ба номи «Глобус» ба роҳ монда шудааст:

  1. Мудири кафедраи ихтисоси тарбияи ҷисмонӣ ва дифои ҳарбӣ – Расулов Н, аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  2. Мудири кафедраи биология – химия – Собиров М., номзади илмҳои химия.
  3. Мудири кафедраи география – туризм - Саидова М., аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар факулта 7 нафар олимон дарс мегӯянд:

  1. Комилов Н. Д. – номзади илми педагогӣ, профессор.
  2. Собиров М. – номзади илми химия.
  3. Утамуродов А. Б. – номзади илм, профессор.
  4. Насруллоев Х. – номзади илми иқтисод, профессор.
  5. Қодирова М. –номзади илм.
  6. Бадалов С. – номзади илм.
  7. Юнусова М.А. –номзади илми тиб, дотсент.

Хатмкунандаи факултети мо Сомиршо Воҳидов соли 2010 дар чемпионати ҷаҳон байни донишҷӯён дар шаҳри Турини Италиё баромад намуда сазовори медали биринҷӣ гардид. Соли 2014 дар чемпионати Осиё баромад намуда сазовори медали нуқра гардид.

Айни ҳол дар факултет 242 нафар донишҷӯён таҳсили худро давом дода истодаанд.

Устодони факултет кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки баҳри баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи донишҷӯён содиқона меҳнат кунанд.

Тамос

Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

Суроғаи мо: 734000, Ҷумҳурии Тоҷикистон,
вилояти Суғд, ш.Панҷакент, х.Рудаки 108

  • Телефон: (+992) 34 75 5 40 50

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Шумо метавонед инчунин бо мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар тамос бошед.
Аз ҳаёти Донишкада бо хабар бошед.
Асосӣ Факултети табиатшиносӣ ва тарбияи ҷисмонӣ