Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

Шӯъбаи таълим

Шуъбаи таълим дар сохтори Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент бо мақсади ба танзим даровардани раванди таълим таъсис ёфта, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаҳои таълимии маълумоти олии касбӣ (мактабҳои олӣ) – и Ҷумҳурии Тоҷикистон», оиннома ва Низомномаи Донишкада фаъолият мекунад.

Вазифаи шуъбаи таълим раванди таълимро дар Донишкада ба нақша мегирад, иҷрои онро ташкил ва таъмин менамояд, дар бобати қонеъ гардонидани талаботи шахсият дар рушди зеҳнӣ, фарҳангию ахлоқӣ бо роҳи додани маълумоти олии касбӣдар заминаи ягонагии муттасили раванди таълим ва корҳои тадқиқотию илмӣ саҳм мегирад. Таҳияи китобҳои дарсӣ ва рисолаҳои таълимию методиро назорат мекунад ва таъминоти онҳоро арзёбӣ карда, доир ба ин масъала ба Шўрои олимон гузориш пешниҳод мекунад. Вобаста ба ҳалли мушкилоти тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи омўзгорӣ ба Раёсати Донишкада таклифҳо пешниҳод менамояд. Нақшаҳои таълимиро бо ҳамкории кафедраҳо таҳия карда, барои тасдиқ ба Шўрои оилмон пешниҳод мекунад. Доир ба роҳҳои такмил додани донишҳои назариявию амалии донишҷўён тадбирҳо меандешад. Дар самти ҷорӣ намудани технологияи муосири таълим, методу тарзҳои самарабахш ба фаъол чораҷўӣ мекунад. Пиромуни сатҳи тахассусӣ, малака ва маҳорати касбии омўзгорон тадбирҳо андешида, рафти иҷрои нақшаи такмили ихтисос ва бозомўзии мутахассисонро назорат мекунад. Фаъолияти сохтору зерсохторҳои марбут ба қисми таълимро, ки ҳадафи он  ба донишҷўён додани дараҷаи муайяни таҳсилот ва тахасус мутобиқи стандартҳои давлатии таҳсилот татбиқ намудани мазмун ва мундариҷаи таълим маҳсуб меёбад, зери назорат мегирад. Соатҳои иловагиро дар ҷараёни таълим муайян намуда, якҷо бо декану мудирони кафедраҳо, барои ба танзим даровардани онҳо чораҳо меандешад. Кори устодони соатбайъ ва мутобиқатии онро бо нақшаҳои таълимӣ назорат мекунад, фаъолияти устодони ҳамкорро назорат намуда, доир ба дурустии нақшаҳои инфиродии онҳо санҷишҳо ташкил мекунад. Соатҳои холимондаи кафедраҳоро муайян карда, барои қабули устодон лоиҳаи озмун ба Ректори Донишкада пешниҳод менамояд. Фонди аудитории Донишкадаро ташкил карда, барои самаранок истифода кардани синфхонаҳо, кабинетҳо ва лабораторияҳо ба Ректори Донишкада пешниҳод манзур менамояд. Иҷрои сарбории устодонро назорат мекунад ва нисбат ба омўзгороне, ки дар иҷрои сарборӣ монеа ба вуҷуд меоранд, тадбирҳо меандешад. Иҷрои нақшаҳои таълимии инфиродии устодонро назорат намуда, доир ба ин масъала ба унвони Раёсат хулосаҳо пешниҳод мекунад. Фаъол будани компютерҳоро дар ҷараёни дарсҳо назорат намуда, доир ба истифодаи технологияи муосир дар раванди таълим хулосаву пешниҳодҳо манзур менамояд. Татбиқи гузаштан ба низоми кредитии таҳсилотро дар факултету кафедраҳо назорат намуда, дар таҳияи нақшаву барномаҳои таълимӣ аз рўи ихтисосҳо иштирок мекунад. Доир ба ҷамъбасти имтиҳони ҷорӣ ва хатм дар назди Раёсат ва Шўрои олимон гузориш дода, доир ба натиҷаи онҳо ба унвони Ректори Донишкада маълумотномаи мукаммал ирсол менамояд. Ҷадвали умумидонишкадавии имтиҳони ҷорӣ ва давлатиро таҳия ва тасдиқ менамояд, якҷо бо ноиби ректор оид ба корҳои таълимӣ ҷараёни имтиҳоноти ҷорӣ ва хатмро барои факултетҳо тасдиқ мекунад ва рафти ҷараёни онҳоро назорат мебарад. Барои устуворӣ ва таҳкими заминаи моддӣ-техникии кабинетҳо ва озмоишгоҳҳо ба Раёсати Донишкада пешниҳод манзур месозад ва фаъолияти онҳоро зери назорат карор медихад. Ҷадвали санҷишҳо (рейтингҳо), имтиҳонот ва ҷадвали дарсҳои кафедраҳои умумидонишкадавиро таҳия ва тасдиқ мекунад, рафти иҷрои онҳоро якҷоя бо кормандони Шўъба зери назорат мегирад. Фонди аудитории Донишкадаро таҳия намуда, тақсимоти онро миёни факултетҳо ва кафедраҳо ба роҳ мемонад, таъминоти онҳоро бо маводи таълимию техникӣ зери назорат қарор медиҳад. Таҳияи барномаҳои таълимӣ, стандартҳо. талаботи давлатӣ, силлабусҳо, курси лексияҳоро дар факултетҳо ва кафедраҳо назорат менамояд ва нусхаҳои онҳоро нигаҳдорӣ менамояд. Дар Донишкада мутобиқати нақшаҳо ва барномаҳои таълимиро зери санҷиш қарор медиҳад. Дар заминаи принсипҳои илмият, инсонгароӣ, демократӣ, муттасилии ҷараён гирифтани раванди таьлимро назорат месозад. Бо назардошти фарогирии имкониятҳои муосири технологияи иттилоотӣ ҷараён гирифтани таълимро дар факултетҳо ва кафедраҳо санҷида, ба Ректори Донишкада гузориш манзур мекунад. Тайёрии омўзиш ва иҷрои нақшаю барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти олии касбиро дар Донишкада барои дараҷаҳои тахассусии бакалаврият - 4 сол, бакалаврият - барои ихтисосҳои ҳамгиро - 5 сол, мутахассис - 5 сол назорат менамояд.

Сохтори Шуъбаи таълим
Ба Шуъбаи таълим 1-Сардори Шуъбаи таълим, 2-сармутахассис, 1- мутахассис ва 1- котиба фаъолият мекунанд.

Тамос

Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

Суроғаи мо: 734000, Ҷумҳурии Тоҷикистон,
вилояти Суғд, ш.Панҷакент, х.Рудаки 108

  • Телефон: (+992) 34 75 5 40 50

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Шумо метавонед инчунин бо мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар тамос бошед.
Аз ҳаёти Донишкада бо хабар бошед.
Асосӣ Сохтор Шӯъбаи таълим