Кафедраи инфопматика ва математика
Сафаров Самандар
устоди калони кафедраи математика-информатика, номзади илмҳои педагогӣ
Факултети математика — информатика
Фаъолияти факултети математика – информатикаи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент асосан аз соли 2000 — ум оғоз гардидааст. Аввали соли 2000 — ум дар донишкада шуъбаи барномасозӣ – иқтисодӣ амал менамуд, ки он то соли 2003 давом кард. Баъди соли 2003, бо қарори Шурои олимони донишкада, шуъбаи математика ва информатика таъсис дода шуд, ки он то соли 2006 фаъолият намуд.
Баъдан бо розигии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо фармони раёсати ДОТ дар шаҳри Панҷакент соли 2007 факултети математика — информатика таъсис дода шуд, ки он то имрӯз кору фаъолият дорад.
Дар ибтидо сарварии факулетро омӯзгор, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Хушвахтов Шодибек ба зимма дошт. Минбаъд Мансуров Абулфайз (2013 – 2014), Комилов Абдулаҳад (2014 -2022) ба ӯҳда доштанд. Айни замон декании факултетро Сафаров С. С., ба ӯҳда дорад.
Дар давоми фаъолияти факултет дар шуъбаи рӯзонаю ғоибона қариб 1238 нафар мутахассисон ва омӯзгорони варзидаи соҳаи илмҳои математика — информатика, физика — информатика ва технология(меҳнати техникӣ, нақшакашӣ) — ро тайёр намудааст. Хатмкунандагони факултет дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонию олии касбӣ ва дигар муассисаҳои илмии кишварамон кору фаьолият ва адои хизмат карда истодаанд. Аз байни онҳо аълочиёни маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номзадҳои илм ҳастанд.
Ҳоло факултети математика – информатика аз рӯи се ихтисос омӯзгоронро ба воя мерасонад:
1-02050302 Математика – информатика;
1-02050402 Физика – информатика;
1-020601-02 Технология(меҳнати техникӣ, нақшакашӣ).
Факултет дорои ду кафедраи тахассусӣ мебошад: математика – информатика ва физика – технология.
Кафедраи математика – информатика, ки соли 2007 ташкил шудааст, ки роҳбарии онро н.и.ф.м., Кӯҷмуродов А. ба ӯҳда дорад, дар кафедра 12 нафар устодон фаъолият менамояд.
Кафедра аз рӯи се самт фаъолияти илми мебарад:
- Масоили мубрами фанни математика дар замони муосир;
- Масоили методикаи таълими математика ва технологияи информатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва мактабҳои олӣ;
- Масоили таърихи фанҳои дақиқ қадим то ба имрӯз.
Кафедраи физика – технология соли 2019 ташкил шудааст, ки роҳбарии онро Комилов А. ба ӯҳда дорад, дар кафедра 6 нафар устодон фаъолият менамояд.
Кафедра аз рӯи се самт фаъолияти илми мебарад:
- Масоили методикаи таълими физика ва технология дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва мактабҳои олӣ.
Ҳоло факултет дорои се синфхонаи компютерӣ, тахтаҳои электронӣ буда, аз он тамоми факултетҳо истифода мебаранд.
Ҳамзамон дар назди факултет маҳфилҳои “Математикони ҷавон”, “Физикони ҷавон” ва “Барномасозони ҷавон” амал менамояд.
Ҳамкории илмии устодони факултет бо маркази илмиву таълимӣ ва муассисаҳои байналхалқӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла бо ДМТ, ДДОТ ба номи С. Айнӣ, ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, ДДБ ба ном Н. Хусрав, ДИТ, Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви академияи миллии Тоҷикистон ва бо донишгоҳи Омск ФР ба номи Ф.М. Достоевский ва дигар донишгоҳҳо ҳамкорӣ менамоянд.