ДОНИШКАДАИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ
Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент зодаи даврони истиқлолият буда, дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Панҷакент аз 16 июли соли 1991 ҳамчун шуъбаи Маркази Осиёимиёнагии Донишгоҳи озоди Руссия таъсис дода шуд ва аз соли 1994 ҳамчун Донишгоҳи озоди Тоҷикистон амал намуда, аз ду факултет: ҳуқуқшиносӣ ва менеҷменти тиҷоратӣ иборат буд.
Вобаста ба талаботи айём дар соли таҳсили 2001-2002 дар донишкада факултети омӯзгорӣ ташкил карда шуд. Дар солҳои минбаъда, вобаста бо таъсиси ихтисосҳои нави омӯзгорӣ, аз соли 2007 номи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакентро дорад.
Дар солҳои мавҷудияти донишкада онро зиёда аз 10000 нафар ҷавонон хатм намуданд ва ҳоло дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ва дигар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолият намуда истодаанд.
Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент фаъолияти худро дар соли 2021 бо нерӯи созанда ва илҳоми беандоза аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монд. Кулли устодон ва донишҷӯёни донишкада аз сиёсати хирадмандонаи сарвари кишвар ҷонибдорӣ намуда, барои амалӣ намудани мақсадҳои дурнамои ҳукумати мамлакат камари ҳиммат бастанд.
Соли 2020 дар фаъолияти 29-солаи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент рӯйдоди муҳими хотирмон арзи ҳастӣ намуд, ки дар таърихи донишкада метавон бо хатҳои зарин навишт. Зеро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сафари расмии хеш ба шаҳру деҳоти Панҷакент аз Донишкадаи мо дидан намуда, ба Корхонаи коркарди меваю сабзавот ифтитоҳ намуданд.
Донишкада дорои 7 факултет, 13 кафедра ва 28 равияи (ихтисос) рӯзона ва 18 равияи (ихтисос) фосилавӣ мебошад.
Ба донишомӯзон 161 нафар (70 нафар занон) устодон, аз ҷумла 2 нафар профессор, 1 нафар доктори илмҳои таърих, 20 нафар номзади илм сабақ медиҳанд. Айни замон дар донишкада ҳамагӣ 250 нафар фаъолияти корӣ менамоянд, ки 161 нафари онҳоро омӯзгорон ва боқимонда 89 нафарро дигар кормандон ташкил медиҳанд.
Инчунин, 8 нафар профессор, 9 нафар доктори илм, 12 нафар номзади илм ба тариқи шартномавӣ фаъолият мекунанд.
Айни замон дар Донишкада 3752 нафар таҳсил менамоянд, ки аз онҳо 1527 (40,7%) нафар дар шуъбаи рӯзона, 1293 (34,5 %) дар шуъбаи ғоибона 932 (24,8%) ба тариқи фосилавиро ташкил менамоянд.