Шуъбаи таълим

Вазифа ва ҳадафҳои шуъбаи таълим ба ташкили мақсадноки ҷараёни таълим дар донишкада бо муайян кардани самтҳо, зинаҳои асосӣ, муаммоҳои таълим ва барои ноил шудан ба сатҳи баланди сифати таълим нигаронида шудаанд.

Шӯъбаи таълим мутасаддии асосии гузаронидани ташхиси касбӣ ва дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи таълимоти олӣ ташкил намудани ҷараёни таълим аз ҷониби омӯзгорон, кафедра ва факултетҳои донишкада мебошад.

Барои расидан ба ин мақсад шӯъбаи таълим:

 – дар асоси барномаҳои тасдиқшудаи вобаста ба ҳар як ихтисос ва равияи донишкада маҷмӯи умумии фанҳои таълимиро дар ҳар як соли хониш муайян намуда, вобаста ба ин маълумот ҳисоби штатии кормандони кафедра ва факултетҳоро таҳти назорат мегирад;
– меъёрҳои заминавии ҳисоби кормандони кафедраҳоро вобаста аз талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ муайян намуда, иҷрои бевоситаи онро таъмин менамояд;
– дар якҷояги бо кафедраҳо нақшаи нашри дастурҳои таълимӣ ва методиро ба роҳ мемонад.
– мӯҳлатҳои гузаронидани сессияҳои даврӣ ва таъсис додани комиссияҳои имтиҳонҳои даврӣ ва давлатиро аз ташхиси касбӣ мегузаронад ва барои фаъолияти онҳо талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи таълимоти касбиро таҳти назорат мегирад;
– тадбиқи технологияи муосирро дар ҷараёни таълим вобаста ба барномаҳои тасдиқшуда назорат менамояд.

  • дар якҷоягӣ бо кафедраҳои тахассусӣ стандарт ва нақшаҳои таълимии навро бо назардошти тақозои замон коркард менамояд.
  • корҳои хатми бакалаврӣ ва рисолаҳои магистриро барои бо солҳои қабли такрор нашудан тафтиш намуда онҳоро зери назорат қарор медиҳад
  • оиди тартиб додани комиссияҳои атестатсионии давлатӣ корҳои заруриро ташкил менамояд
  • давомоти донишҷӯён ва дарсазхудкунии онҳоро зери назорат қарор дода баҳри бартараф намудани камбудиҳо саъю кӯшиш ба харҷ медиҳад

Дар шуъба ҳисоби миқдори соат, тақсимоти сарборӣ, ҷадвали дарсӣ, қайди давомот ва журнали электронӣ, ҳисоботи оморӣ бо барномаҳои махсуси таҳияи барномасозони донишкада, автоматонӣ карда шудааст.