Шуъбаи тарбия
Яке аз шӯъбаи асосии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент шӯъбаи корҳои тарбиявӣ ва ташкилӣ маҳсуб меёбад. Дар ин шӯъба як воҳиди корӣ – ноиби ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ва ташкилӣ фаъолияти корӣ мебарад. Ин вазифа аз соли 2019 ба зиммаи номзади илмҳои педагогӣ Сироҷзода Фотима Сироҷ вогузор карда шудааст.
Шӯъба тибқи нақшаи корҳои тарбиявии солонаи аз ҷониби ректори донишкада тасдиқгардида фаъолият бурда, бештар ба тарбияи маданӣ-ахлоқӣ ва сиёсии донишҷӯён дар заминаи ба амал баровардани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботҳои Консепсияи миллии тарбия фаъолият мебарад.
Инчунин, оиди амалигардии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикиситон “Дар бораи масъулияти таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, иҷрои “Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ”, қарорҳои шӯрои олимони донишкада ва дигар санаду меъёрҳои ҳукумати ҷумҳурӣ корбарӣ менамояд.
Самти асосии корҳои тарбиявӣ дар донишкада ин омӯзиши Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар ва баромаду вохӯриҳояшон бо мардум ва ҷавонон мебошад.
Дар самти самаранок ва босифат ташкили соатҳои тарбиявӣ бештар аҳамият дода шуда, бештар ба масъалаи ахлоқ, маданият, одоби муошират, дониши сиёсӣ, иштироки фаъолона ба машғулиятҳо, забономӯзӣ, китобхонӣ, ҳунаромӯзӣ ва ба меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ ҷалб шудан, аҳамияти ҷиддӣ дода мешаванд.
Яке аз масъалаҳои муҳим дар самти корҳои тарбиявӣ ин пешгирии ҳодисаҳои номатлуб пеш аз ҳама аз хатари шомил нашудан ба равияҳои ифротгароӣ – терроризм ва экстремизм ва ҷинояткорӣ маҳсуб меёбад, ки дар ин самт соатҳои тарбиявӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудаанд. Бо мақсади тарбияи ҳуқуқӣ низ мунтазам вохӯрии донишҷӯён бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ ташкил карда мешаванд.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти шӯъба ин корҳои амалӣ-тарбиявӣ бо роҳбарони гурӯҳҳо мебошад, ки моҳе як маротиба семинарҳои дастурдиҳӣ ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногуни тарбиявӣ гузаронида мешаванд.
Дар донишкада яке аз самтҳои асосии тарбия ин масъалаи эҳёи анъанаҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ мебошад, ки дар ин раванд чорабиниҳои гуногун гузаронида мешаванд.
Масъалаи ба ҳаёти оилавӣ омода намудани ҷавонон яке аз самтҳои муҳими корҳои тарбиявӣ ба ҳисоб рафта, бо мақсади омӯзиши паҳлуҳои муҳими оила ва муносибат бо аҳли хонавода чорабиниҳо ва мизҳои мудаввар гузаронида мешаванд. Моҳе як маротиба вохӯрии волидайн бо масъулини донишкада ташкил карда мешаванд. “Утоқи боварӣ” барои маслиҳатҳои оилавӣ ва сӯҳбатҳо амал мекунад.
Тарбияи меҳнатӣ ва ҳунаромӯзии донишҷӯён дар маркази диққати роҳбарияти донишкада қарор дошта, дар заминаи мавҷудияти “Парки технологӣ” ҷавонон ба маҳфилҳо, таҷрибаомӯзӣ дар заминҳои назди донишкада ва марказҳои омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, дӯзандагӣ ҷалб карда шудаанд.
Дар донишкада дар самти корҳои тарбиявӣ бештар ба масъалаи ахлоқ, иштироки фаъолонаи донишҷӯён ба машғулиятҳо, ба корҳои муфид ва китобхонӣ ҷалб намудани онҳо, алоқаи волидон бо устодон, ташкили соатҳои тарбиявӣ, корҳои ободкориву созандагӣ аҳамияти махсус дода мешаванд.
Дар китобхонаи донишкада мунтазам чорабиниҳои илмӣ ва омӯзиши асарҳои Пешвои миллат ба роҳ монда мешаванд. Оид ба ҳаёт ва фаъолияти ибратангези Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мизҳои мудаввар гузаронида мешаванд.
Дар самти пешгирии ҳодисаҳои номатлуб ва тарбияи сиёсии ҷавонон низ мунтазам чорабиниҳо ва вохӯриҳо гузаронида мешаванд.
Дар донишкада ба тарбияи ҷисмонии донишҷӯён диққати махсус дода мешавад. Бо ин мақсад, мусобиқаҳои гуногун аз рӯи намудҳои варзиш гузаронида мешаванд. Дар ин самт иштироки устодону донишҷӯён дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ хеле назаррас буда, дастовардҳо ва ғолибиятҳо хеле назаррас мебошанд.
Дар оянда низ мутассадиёни соҳаи тарбия самти фаъолияти худро бештар баҳри тарбияи ахлоқӣ, сиёсӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, ҳунаромӯзӣ, ҷисмонии ҷавонон равона карда, саҳми худро баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузоранд.