Logo

Донишкадаи омӯзгори Тоҷикистон
дар шаҳри Панҷакент

Факултети педагогика ва психология

Факултети педагогика ва психология яке аз факултети ҷавон ва навтаъсиси Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент буда, соли 2022 таъсис ёфтааст. Факултети педагогика ва психология яке аз бахшҳои калонтарини донишкада ба шумор рафта, дорои қувваи бузурги илмиву эҷодӣ мебошад. Дар айни замон яке аз марказҳои таълимию методӣ, илмӣ ва боргоҳи тайёр намудани муаллимони синфҳои ибтидоӣ, равоншиносӣ, инчунин як ҷузъи пешқадами сохтори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ба шумор меравад. Таъсис ва рушду нумӯи факултет ба заҳмати устодони соҳибтаҷриба ва ҷавонони фаъолу пешқадам, ки қувваи дониш ва нерӯи илмию педагогии худро сарфа мекунанд вобаста аст.

Дар айни ҳол факултет аз ду кафедра иборат аст:

  1. Кафедраи педагогика ва психология;
  2. Кафедраи педагогика-психология ва таҳсилоти томактабӣ.

Факултет аз рӯйи ихтисосҳои зерин мутахассис омода месозад:

  1. Таҳсилоти ибтидоӣ;
  2. Таҳсилоти ибтидоӣ, забони хориҷӣ (забони ӯзбекӣ);
  3. Таҳсилоти ибтидоӣ, забони хориҷӣ (забони англисӣ);
  4. Таҳсилоти томактабӣ. Равоншиносӣ амалӣ.

Роҳбарии факултети педагогика ва психологияро номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ  Қурбонова Афзуна бар ӯҳда дошта, дар факултет 14 нафар устодон аз рӯи дараҷаҳои гуногуни илмӣ фаъолият мебаранд. Аз ҷумла:

  1. 1 нафар  Доктори илмҳои педагогӣ, профессор
  2. 3 нафар Номзади илмҳои педагогӣ;
  3. 4 нафар Унвонҷӯён ;
  4. 4 нафар Устодони соҳибтаҷриба

1 нафар Ассистент (коромӯз)

© 2024