Раёсати донишкада
Ректорат мақоми машваратии доимамалкунанда дар низоми идоракунии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент бо мақсади танзим ва беҳтар намудани фаъолияти зерсохторҳои он, таъсис дода мешавад. Ректорат фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Донишкада, қарорҳои Шӯрои олимон, фармонҳо, фармоиш ва ваколатҳои Ректор, Низомномаи мазкур, инчунин дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои Донишкада, ки мақсад, вазифа, ваколати аъзоёни Ректорат, тартиби амалинамоии онҳоро муайян мекунад, амалӣ менамояд. Ректорати Донишкада мақоми машваратӣ буда, иҷрои ваколатҳои Ректори Донишкада, фармонҳои ӯ, амру супоришҳое, ки ба салоҳияти Шӯрои олимон ва дигар мақомоти идоракунии Донишкада дахл доранд, таъмин менамояд. Фаъолияти Ректорат баҳри таъмину танзими рушди афзалиятноки Донишкада хамчун комплекси ягона равона мешавад.
Мақсади асосии Ректорат ин таъмини фаъолияти мунтазами Донишкада ҳамчун комплекси ягона мебошад. Баҳри амалӣ кардани ин мақсад Ректорат чунин вазифаҳоро иҷро менамояд:
- рафти иҷрои фармон, қарор ва супоришҳои Ректорро арзёбӣ намуда, нақша ва барномаҳои тасдиқшударо таҳлил менамояд;
- фаъолияти аъзоёни Ректорат, ки ба умумияти вазифаҳои дар наздашон гузошташуда асос ёфтааст, роҳбарӣ мекунад;
- масъалаҳои пайдошударо маълум намуда, чораҳои ҳалли онҳоро меандешад;
- фаъолияти зерсохторҳои Донишкадаро бо мақсади истифодаи афзалиятноки нерӯи зеҳнӣ, пойгоҳи моддӣ ва молиявии Донишкада ҳамоҳанг месозад;
- вазифаи машваратӣ ва иҷрокуниро дар назди Ректор иҷро менамояд;
- лоиҳаҳои мавҷудбударо ташхис карда, иҷрои онро дар Донишкада назорат мекунад;
- рушди бонизом ва истифодаи самараноки иқтидори илмӣ ва пойгоҳи моддию техникии Донишкадаро таъмин менамояд;
- масъалаҳои пешниҳоди кормандони Донишкадаро барои ноил шудан ба унвонҳои ифтихорӣ, мукофотҳои давлатӣ, аз ҳисоби натиҷаҳои назарраси илмӣ-тадқиқотӣ, педагогӣ ва дигар шаклҳои фаъолият ҳал менамояд;
- масъалаҳои ҳамкории Донишкадаро бо дигар ташкилотҳо, муассисаҳои таҳсилотию илмӣ муҳокима мекунад;
- назоратро аз болои иҷрои қарорҳои қабулшуда, нақша ва барномаҳои таълимӣ, илмӣ, пулӣ ва фаъолияти хоҷагии Донишкада амалӣ мегардонад;
- пешниҳодҳоро ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои гуногун, ки баҳри беҳбудии хизматрасонии фарҳангӣ, варзишӣ, тандурустии донишҷӯён, кормандон ва омӯзгорон равона шудааст, дар амал татбиқ менамояд;
- ҳар ҳафта ҳисоботи роҳбарони зерсохторҳоро оид ба вазъи кор ва натиҷаҳои ба даст оварда мешунавад;
- лоиҳаҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёриро муҳокима менамояд;
- масъалаҳои таъҷилиро, ки ҷиҳати рушди Донишкада заруранд, баррасӣ менамояд.