Факултети филология
Илми филология заминаи устувор ва пойдевори мустаҳками илмҳои дигар аст!
Факултети филологияи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент соли 2001 таъсис ёфтааст. Факултет аввал чун кафедраи ҷамъиятӣ, кафедраи гуманитарӣ, сипас факултети омӯзгорӣ, факултети забонҳо ва аз соли 2007 чун факултаи филология фаъолият менамояд. Ҳоло факултет дорои кафедраи забон ва адабиёти тоҷик мебошад. Кафедраи мазкур аз рӯи се ихтисос:
- Забон ва адабиёти тоҷик
- Забон ва адабиёти тоҷик. Маърифати оиладорӣ.
- Забон ва адабиёти тоҷик. Ихтисоси иловагӣ (Алифбои ниёгон).
амал мекунад.
Айни замон дар факултет се номзади илм ва шаш нафар устодони калон, ки аз онҳо чор нафарашон унвонҷӯянд, ба шогирдон сабақ медиҳанд. Панҷ нафар устодони мо Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Дастпарварони факултети филолгияи ДОТП имрӯз дар соҳаҳои мухталифи ҷомеа баҳри рушду нумӯи кишвари азиз собитқадамона фаъолият доранд.
Факултети филологияи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент имрӯз бо факултетҳои филология ва забонҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи байналмилалии забонҳои ба номи Сотим Улуғзода ва якқатор муассисаҳои олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти илму таълим робитаҳои зичи корӣ дорад.
Марҳамат ба факултети филологияи ДОТП!