Logo

Донишкадаи омӯзгори Тоҷикистон
дар шаҳри Панҷакент

ФАКУЛТЕТИ МЕНЕҶМЕНТ

Факултети менеҷмент зодаи истиқлол буда, яке аз аввалин факултети донишкада мебошад. Ин факултет фаъолияти худро дар таркиби Маркази Осиёмиёнагии Донишгоҳи озоди Русия соли 1991 оғоз намудааст. Сипас, яке аз факултетҳои Донишгоҳи Озоди Тоҷикистон буда, ҳоло ҳамчун факултети Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ш.Панҷакент фаъолият карда истодааст. Дар тули фаъолияташ дар   факултет мутахассисони соҳаи идоракунӣ (менеҷмент), иқтисодиёт, туризм тайёр карда мешаванд. Дар аввали ташаккулёбӣ дар факултети менеҷмент аз руи ихтисосҳои: менеҷменти тиҷоратӣ ва менеҷменти фермерӣ (агробизнес) мутахассис тайёр карда мешуд. Мутахассисони аввалин дар соли 1995 факултетро хатм намуда, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи диёрамон ва дигар ҷумҳуриҳо фаъолияти меҳнатии худро оғоз намуданд. Факултет зиёда аз 1000 нафар мутахассиси баландихтисос тайёр кардааст. Хатмкунандагони факултети менеҷмент дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, савдо, бонкҳо, сохторҳои давлатӣ, сохтмон, хоҷагии қишлоқ, соҳибкории хурд ва миёна, туризм ва гайра фаъолияти босамар карда истодаанд.

Омӯзгор, хатмкардаи факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шодиев Қамар ҳоло вазифаи декани факултети менеҷментро ба ӯҳда дошта, шӯъбаи аспирантураи донишгоҳро низ хатм намудааст ва дар ҷараёни ҳимояи рисолаи номзадиаш қарор дорад. Соли 2016 бошад, мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ ва идоракунӣ Наҷмиддинов Ф.   рисолаи номзадии худро   бомуваффақият дифоъ намуд. Омӯзгорони ҷавони кафедраи назарияи иқтисодӣ ва идоакунӣ  мавзуъҳои рисолаи номзадиро муайян намуда, корҳои илмӣ карда истодаанд. Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши илмӣ-методӣ омӯзгорон дар курсҳои такмили ихтисоси донишгоҳҳои ватанӣ ва хориҷӣ мунтазам иштирок менамоянд.

      Сарварии факултетро аз моҳи сентябри соли 2022 инҷониб  Шодиев Қ.С. дар уҳда дорад.    Имрӯз факултети менеҷмент ҳамқадами замона мебошад. Бо назардошти ниёзи ҷамъияти имрӯзаи мо, факултет тайёр кардани   мутахассисони соҳаи идоракунии маориф ва соҳаи туризмро   ба зимма гирифтааст. Ҳамин тавр, дар факултет аз соли 2007 аз руи 4 ихтисос:

  1. Менеҷменти соҳаи маориф,
  2. Баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит дар соҳаи маориф,
  3. Саёҳат ва меҳмондорӣ,
  4. География.

 

Илми филология заминаи устувор ва пойдевори мустаҳками илмҳои дигар аст!

Факултети филологияи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент соли 2001 таъсис ёфтааст. Факултет аввал чун кафедраи ҷамъиятӣ, кафедраи гуманитарӣ, сипас факултети омӯзгорӣ, факултети забонҳо ва аз соли 2007 чун факултаи филология фаъолият менамояд. Ҳоло факултет дорои кафедраи забон ва адабиёти тоҷик мебошад. Кафедраи мазкур аз рӯи се ихтисос:

  1. Забон ва адабиёти тоҷик
  2. Забон ва адабиёти тоҷик. Маърифати оиладорӣ.
  3. Забон ва адабиёти тоҷик. Ихтисоси иловагӣ (Алифбои ниёгон).

амал мекунад.

Марҳамат ба факултети филологияи ДОТП!

Факултети Забонҳои хориҷии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент соли 2014-2015 таъсис дода шуд. Дар он  се кафедра ва ва се ихтисос фаъолият мекард . 

1. Забон ва адабиёти рус

  1. Забони англисӣ
  2. Забони хитоӣ
  3. Забон ва адабиёти рус (забони ӯзбекӣ)

Дар факултет устодони дорои дараҷаи баланди илмӣ фаъолият мекунанд. Инчунин дар соли равон 3- нафар устодони факултет номзадии худро ҳимоя карданд ва 5- нафар дар омода намудани рисолаи номзадии худ кору фаъолият карда истодаанд. 

Дар факултет устодон аз хориҷӣ кишвар низ кору фаъолият менамоянд, ки Ҷу Тинг Тинг ва Ҷамили Ричепсон барои дар сатҳи олӣ омӯзонидани забони хориҷӣ фаъолият карда истодаанд.

Барои баланд бардоштани сифати омӯзиши забонҳои хориҷӣ диќќати махсус зоҳир карда мешавад.

Факултети педагогика ва психология яке аз факултети ҷавон ва навтаъсиси Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент буда, соли 2022 таъсис ёфтааст. Факултети педагогика ва психология яке аз бахшҳои калонтарини донишкада ба шумор рафта, дорои қувваи бузурги илмиву эҷодӣ мебошад. 

Факултет аз рӯйи ихтисосҳои зерин мутахассис омода месозад:

  1. Таҳсилоти ибтидоӣ;
  2. Таҳсилоти ибтидоӣ, забони хориҷӣ (забони ӯзбекӣ);
  3. Таҳсилоти ибтидоӣ, забони хориҷӣ (забони англисӣ);
  4. Таҳсилоти томактабӣ. Равоншиносӣ амалӣ.

Роҳбарии факултети педагогика ва психологияро номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ  Қурбонова Афзуна бар ӯҳда дошта, дар факултет 14 нафар устодон аз рӯи дараҷаҳои гуногуни илмӣ фаъолият мебаранд. Аз ҷумла:

  1. 1 нафар  Доктори илмҳои педагогӣ, профессор
  2. 3 нафар Номзади илмҳои педагогӣ;
  3. 4 нафар Унвонҷӯён ;
  4. 4 нафар Устодони соҳибтаҷриба

1 нафар Ассистент (коромӯз)

Мактабу маориф дар тамоми давраи инкишофи тамаддуни инсоният ҳамчун соҳаи махсуси иҷтимоӣ, ҷамъиятӣ ва омили муҳими пешрафту инкишофи ҷомеаи инсонӣ эътироф шудааст.

Ҳукмати Тоҷикистон аз нахустин марҳилаи ташаккулёбии истиқлоли миллӣ ба рушди илму маориф ва нерӯҳои ақлонии мамлакат аҳмияти аввалиндараҷа зоҳир менамояд. Моҳи июли соли 1991 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нерӯҳои пешкадам пайдо гардиданд, то ки низоми нави маорифро амалӣ созанд.

Инҳо – олимон А. Ҳотамов, Хоч С. А ва Кудлаева Ё. А. буданд. Бо кӯшиши инҳо филиали Донишгоҳи Озоди Россия дар Осиёи Марказӣ барои таъсис 

Аз соли таҳсили 2004 - 2005 дар Донишкадаи Озоди Тоҷикистон факултети таърих аз рӯи  ихтисосҳои  таърих,  таърих - ҳуқуқ ташкил карда мешавад, ки аз рӯи ин ихтисосҳо ба тайёр намудани мутахассисони ҷавон оғоз намуд.

Дар кафедраи “Таърих, бостоншиносӣ ва мероси ниёгон” айни замон 12-нафар устодон фаъолият мекунанд, ки аз онҳо:

  • 1-нафар доктори илмҳои таърих;
  • 2-нафар номзади илмҳои таърих;
  • 8-нафар устодони калон;
  • 1-нафар асистент мебошанд.

Дар кафедраи “Фанҳои ҷамъиятӣ ва ҳуқуқӣ” бошад, ҳамагӣ 12-нафар устодон фаъолият менамоянд, ки аз онҳо:

  • 9-нафар устоди калон;
  • 3-нафар омӯзгор;

 

  1. Кафедраи “Таърих-бостоншиносӣ ва мероси ниёгон”

Мудири кафедра: Исроилов Салоҳиддин

  1. Кафедраи “Фанҳои ҷамъиятӣ ва ҳуқуқ”

Мудири кафедра: Раззоқов Ҳабибулло

НОМГӮИ ИХТИСОСҲО

РАМЗИ ИХТИСОСҲО
Таърихи бостоншиносӣ 1-21.03.01.02
Таърих ихтисоси иловагӣ ҳуқуқ. 1-02.01.02
Таърих. Таърихи дин 102010205
Таърих. Забон ва адабиёти рус 102010203
Таърих бойгоншиносӣ 1230113
Равоншиноси амалӣ 1030403

 

Яке аз шӯъбаи асосии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент шӯъбаи корҳои тарбиявӣ ва ташкилӣ маҳсуб меёбад. Дар ин шӯъба як воҳиди корӣ – ноиби ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ва ташкилӣ фаъолияти корӣ мебарад. Ин вазифа аз соли 2019 ба зиммаи номзади илмҳои педагогӣ Сироҷзода Фотима Сироҷ вогузор карда шудааст. 

 Шӯъба тибқи нақшаи корҳои тарбиявии солонаи аз ҷониби ректори донишкада тасдиқгардида фаъолият бурда, бештар ба тарбияи маданӣ-ахлоқӣ  ва сиёсии донишҷӯён дар заминаи ба амал баровардани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботҳои Консепсияи миллии тарбия  фаъолият мебарад.

    Дар оянда низ мутассадиёни соҳаи тарбия самти фаъолияти худро бештар баҳри тарбияи ахлоқӣ, сиёсӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, ҳунаромӯзӣ, ҷисмонии ҷавонон равона карда, саҳми худро баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузоранд.

 

ФАКУЛТЕТИ ТАБИАТШИНОСӢ ВА ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ

ФАКУЛТЕТИ ТАБИАТШИНОСӢ ВА ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ

 

Факултети табиатшиносӣ ва тарбияи ҷисмонӣ дар соли 2007 ташкил дода шуд.  Факултет дорои 2 кафедра ва 5 ихтисос мебошад.

  1. Кафедраи тарбияи ҷисмонӣ;
  2. Кафедраи биология – химия ва география

Ихтисосҳо

  1. Тарбияи ҷисмонӣ
  2. Тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ
  3. Биология – химия
  4. География – биология
  5. География – экология

Дар факултет 30 – нафар устодони бо таҷриба фаъолият мебаранд, 1 – доктори илм; 2 – профессор; 6 – дотсент; 2 – номзади илм; 11 – устоди калон; 2 – омӯзгор ва 6 – ассистент мебошанд.

Мутахассиссони ояндаи факултет метавонанд ҳамчун омӯзгор, мураббӣ, роҳбалад, лаборанд дар муассисаҳои таълимии миёна ва касбӣ, шуъбаи маориф ва омор, умуман дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ, ки ба ин гуна мутахассисон ниёзманданд, фаъолият менамояд.

ШӮРОИ ОЛИМОНИ ДОТ ДАРШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ

Шурои олимони Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент дар мақомоти интихобӣ, органи қонунбарор ва намояндагии ҳайати асосии муассисаи таълимӣ буда, баррасикунандаи мубрамтарин масъалаҳои  самти таълим, илм, тарбия, робитаҳои хориҷӣ ва хоҷагидорӣ мебошад.

Фаъолияти ин ҳайат дар асоси “Низомномаи Шурои олимони Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ” ва “Оинномаи муассисаи давлатии “Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ” ба роҳ монда шудааст.

Ҳайати Шурои олимони донишкада аз ҷониби раиси ҷаласа, ректори донишкада ва дигар аъзоёни он муайян карда мешавад. 

Шурои олимони донишкада фаъолияти худро аз соли 1991 оғоз намуд. Айни ҳол, роҳбарии онро н.и.ф., профессор Ансорӣ М Қ. бар уҳда дорад. Ҳайати  имрӯзаи шурои олимон 21 нафарро ташкил медиҳад ва “Нақшаи кории Шурои олимони ДОТ дар шаҳри Панҷакент”  санаи 31.08.2024, таҳти №1/1 аз ҷониби раиси ҷаласа, ректори донишкада тасдиқ гардидааст. Нақшаи кории шурои олимони донишкада барои соли таҳсили 2024-2025 аз рӯйи фарогирии 18 масъалаҳои асосии қисми таълим, илм, тарбия, робитаҳо, хоҷагидорӣ ва иқтисод пешбинӣ шудааст. Пас аз анҷоми ҳар як нимсолаи таълимӣ зери роҳбарии бевоситаи раиси ҷаласа, ректори донишкада гурӯҳи корӣ ташкил карда шуда, раванди иҷрои қарорҳои шурои олимон натиҷагирӣ карда мешавад. 

 

Ректорат мақоми машваратии  доимамалкунанда дар низоми идоракунии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент бо мақсади танзим ва беҳтар намудани фаъолияти зерсохторҳои он, таъсис дода мешавад. Ректорат фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Донишкада, қарорҳои Шӯрои олимон, фармонҳо, фармоиш ва ваколатҳои Ректор, Низомномаи мазкур, инчунин дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои Донишкада, ки мақсад, вазифа, ваколати аъзоёни Ректорат, тартиби амалинамоии онҳоро муайян мекунад, амалӣ менамояд. Ректорати Донишкада  мақоми машваратӣ буда, иҷрои ваколатҳои Ректори Донишкада, фармонҳои ӯ, амру супоришҳое, ки ба салоҳияти Шӯрои олимон ва дигар мақомоти идоракунии Донишкада дахл доранд, таъмин менамояд. Фаъолияти Ректорат баҳри таъмину танзими рушди афзалиятноки Донишкада хамчун комплекси  ягона равона мешавад.

Мақсади асосии Ректорат ин таъмини фаъолияти мунтазами Донишкада ҳамчун комплекси ягона мебошад. Баҳри амалӣ кардани ин мақсад Ректорат чунин вазифаҳоро иҷро менамояд:

- рафти иҷрои фармон, қарор ва супоришҳои  Ректорро арзёбӣ намуда, нақша ва барномаҳои  тасдиқшударо таҳлил менамояд;

- фаъолияти аъзоёни Ректорат, ки ба умумияти вазифаҳои  дар наздашон гузошташуда асос ёфтааст, роҳбарӣ мекунад;

- масъалаҳои пайдошударо маълум намуда, чораҳои  ҳалли онҳоро меандешад;

- фаъолияти зерсохторҳои Донишкадаро бо мақсади  истифодаи афзалиятноки нерӯи зеҳнӣ, пойгоҳи моддӣ ва молиявии Донишкада ҳамоҳанг месозад;

- вазифаи машваратӣ ва иҷрокуниро дар назди Ректор иҷро менамояд;

- лоиҳаҳои мавҷудбударо  ташхис карда, иҷрои онро дар Донишкада назорат мекунад;

- рушди  бонизом ва истифодаи самараноки  иқтидори илмӣ ва пойгоҳи моддию техникии Донишкадаро таъмин менамояд;

 

- масъалаҳои пешниҳоди кормандони Донишкадаро  барои ноил шудан ба унвонҳои ифтихорӣ, мукофотҳои давлатӣ, аз ҳисоби натиҷаҳои  назарраси илмӣ-тадқиқотӣ, педагогӣ ва дигар шаклҳои  фаъолият ҳал менамояд;

- масъалаҳои ҳамкории Донишкадаро бо дигар ташкилотҳо, муассисаҳои таҳсилотию илмӣ муҳокима мекунад;

- назоратро аз болои иҷрои қарорҳои қабулшуда, нақша ва барномаҳои таълимӣ, илмӣ, пулӣ ва фаъолияти хоҷагии Донишкада  амалӣ мегардонад;

- пешниҳодҳоро ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои  гуногун, ки баҳри беҳбудии хизматрасонии фарҳангӣ, варзишӣ, тандурустии донишҷӯён, кормандон ва омӯзгорон равона шудааст, дар амал татбиқ менамояд;

- ҳар ҳафта ҳисоботи роҳбарони зерсохторҳоро  оид ба вазъи кор ва натиҷаҳои ба даст оварда мешунавад;

- лоиҳаҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёриро муҳокима менамояд;

- масъалаҳои таъҷилиро, ки ҷиҳати рушди Донишкада заруранд, баррасӣ менамояд.

 

 

© 2025