Logo

Донишкадаи омӯзгори Тоҷикистон
дар шаҳри Панҷакент

ФАКУЛТЕТИ ТАЪРИХ

Мактабу маориф дар тамоми давраи инкишофи тамаддуни инсоният ҳамчун соҳаи махсуси иҷтимоӣ, ҷамъиятӣ ва омили муҳими пешрафту инкишофи ҷомеаи инсонӣ эътироф шудааст.

Ҳукмати Тоҷикистон аз нахустин марҳилаи ташаккулёбии истиқлоли миллӣ ба рушди илму маориф ва нерӯҳои ақлонии мамлакат аҳмияти аввалиндараҷа зоҳир менамояд. Моҳи июли соли 1991 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нерӯҳои пешкадам пайдо гардиданд, то ки низоми нави маорифро амалӣ созанд.

Инҳо – олимон А. Ҳотамов, Хоч С. А ва Кудлаева Ё. А. буданд. Бо кӯшиши инҳо филиали Донишгоҳи Озоди Россия дар Осиёи Марказӣ барои таъсис додан дар шаҳри Панҷакент талошҳои зиёд карда шуд. Ин олимонро профессор А. Исоқӣ дастгирии ҳамаҷониба намуданд. Дар он солҳо ин ташаббус аз тарафи раиси комитети иҷроияи шаҳри Панҷакент шахси маърифатпеша Ш. Собиров дастгирӣ ёфт. Соли 1991 Донишгоҳ фаъолияти худро дар бинои омӯзишгоҳи Омӯзгории шаҳри Панҷакент оғоз намуд. Дар солҳои 1991-1993 дар Донишгоҳ 2- факултет амал менамуд.

  1. Факултети ҳуқуқшиносӣ
  2. Факултети иқтисодӣ менеҷерӣ

Бо қарори  Ҳукмати  Ҷумҳурии Тоҷикистон № 483 аз 4- октябри соли 1994 ин филиал ба Донишгоҳи Озоди Тоҷикистон табдили ном кард, ҳамчун аввалин муассисаи олии ғайридавлатӣ дар ҷумҳурӣ ба фаъолият оғоз намуд.

  • А. Ҳотамов  Ректори  Донишгоҳи  озоди Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент интихоб гардида, инчунин вазифаи декани факултети ҳуқуқшиносиро ба ӯҳда доштанд.

Соли таҳсили 2002 - 2003 дар Донишгоҳ факултети омӯзгорӣ таъсис дода шуд, ки дар он ихтисосҳои забон ва адабиёти тоҷик, таърих, математика, забони русӣ ва тарбияи ҷисмонӣ мавҷуд буданд. Ихтисоси таърих то соли таҳсили 2004-2005 дар дохили ин факултет амал менамуд.

Аз соли таҳсили 2004 - 2005 дар Донишкадаи Озоди Тоҷикистон факултети таърих аз рӯи  ихтисосҳои  таърих,  таърих - ҳуқуқ ташкил карда мешавад, ки аз рӯи ин ихтисосҳо ба тайёр намудани мутахассисони ҷавон оғоз намуд.

Соли 2007 дар натиҷаи хулосаи хадамоти аттестатсионии Вазорати маориф ва илмӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон  Донишгоҳи Озоди Тоҷикистон ба Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент номгузори карда мешавад.

Дар факултет ду кафедра “Таърих, бостоншиносӣ ва мероси ниёгон” ва кафедраи “Фанҳои ҷамъиятӣ ва ҳуқуқӣ” мавҷуд аст.

Дар кафедраи “Таърих, бостоншиносӣ ва мероси ниёгон” айни замон 12-нафар устодон фаъолият мекунанд, ки аз онҳо:

  • 1-нафар доктори илмҳои таърих;
  • 2-нафар номзади илмҳои таърих;
  • 8-нафар устодони калон;
  • 1-нафар асистент мебошанд.

Дар кафедраи “Фанҳои ҷамъиятӣ ва ҳуқуқӣ” бошад, ҳамагӣ 12-нафар устодон фаъолият менамоянд, ки аз онҳо:

  • 9-нафар устоди калон;
  • 3-нафар омӯзгор;

 

  1. Кафедраи “Таърих-бостоншиносӣ ва мероси ниёгон”

Мудири кафедра: Исроилов Салоҳиддин

  1. Кафедраи “Фанҳои ҷамъиятӣ ва ҳуқуқ”

Мудири кафедра: Раззоқов Ҳабибулло

НОМГӮИ ИХТИСОСҲО

РАМЗИ ИХТИСОСҲО
Таърихи бостоншиносӣ 1-21.03.01.02
Таърих ихтисоси иловагӣ ҳуқуқ. 1-02.01.02
Таърих. Таърихи дин 102010205
Таърих. Забон ва адабиёти рус 102010203
Таърих бойгоншиносӣ 1230113
Равоншиноси амалӣ 1030403

 

© 2024