Logo

Донишкадаи омӯзгори Тоҷикистон
дар шаҳри Панҷакент

ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ

Факултети Забонҳои хориҷии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент соли 2014-2015 таъсис дода шуд. Дар он  се кафедра ва ва се ихтисос фаъолият мекард . 

1. Забон ва адабиёти рус

  1. Забони англисӣ
  2. Забони хитоӣ
  3. Забон ва адабиёти рус (забони ӯзбекӣ)

Дар факултет устодони дорои дараҷаи баланди илмӣ фаъолият мекунанд. Инчунин дар соли равон 3- нафар устодони факултет номзадии худро ҳимоя карданд ва 5- нафар дар омода намудани рисолаи номзадии худ кору фаъолият карда истодаанд. 

Дар факултет устодон аз хориҷӣ кишвар низ кору фаъолият менамоянд, ки Ҷу Тинг Тинг ва Ҷамили Ричепсон барои дар сатҳи олӣ омӯзонидани забони хориҷӣ фаъолият карда истодаанд.

Барои баланд бардоштани сифати омӯзиши забонҳои хориҷӣ диќќати махсус зоҳир карда мешавад.

Дар донишкада барои омӯзиши донишҷӯён дар факултети Забонҳои хориҷӣ шароитҳои мусоид муҳайё  карда шудааст. Донишҷӯёни болаёкат дар факултет кам нестанд. Ин донишҷӯёни фаъол обрӯи донишкада ва шаҳрро дар миқёси вилоят ва ҷумҳурӣ мебардоранд.

Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ягона муассисаи олии касбӣ дар водии Зарафшон аст. Дар тули фаъолияти худ ин боргоҳи маърифат дар таъмин намудани кадрҳои омӯзгорӣ дар шаҳру деҳоти ноҳия ва ҷумҳурӣ саҳми босазо дорад.

© 2024