НИШОНИ ТИЛЛО ДАР МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
2025-01-14
НИШОНИ ТИЛЛО ДАР МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Устоди Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, мураббии варзидаи варзиш Шавкат Абдуллоев дар мусобиқа барои ба даст овардани ҷоми ҷаҳон аз рӯи намуди пауэрлифтинг, ки дар шаҳри Маскваи Федератсияи Руссия баргузор шуд, соҳиби нишони тилло гардид.
Ӯ дар байни варзишгарони синнашон 60-69 сола бо бардоштани вазни аз ҳама бештар дар ду намуди ин навъи варзиш пешсаф гардида, сазовори нишони тилло дониста шуд.
Таҷрибаи ин варзишгари собиқадор барои ҷавононе, ки ба варзиш шавқ доранд, намунаи ибрат аст.