ДАРСИ НАМУНАВӢ
2024-11-05
Факултети математика-информатика: дарси кушод
Баргузории дарсҳои кушоди намунавӣ аз ҷониби устодони математика-информатикаи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент дар раванди густариши таҳсилот баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён заминаи мусоид мегузорад. Дар ин замина дар факултети математика-информатика аз тарафи номзади илмҳои физика-математика Куҷмуродов Абдулло дарси кушод дар курси 3-юми ихтисоси математика-информатика, гуруҳи 310 дар мавзуи «Татбиқи ҳосилаҳои хусусӣ ва дифференсиалии пурра» баргузор гардид
Устод дар раванди дарс ба шогирдон амалан моҳият ва нишондодҳои асосиимавзуъро ошно сохта, бо истифода усули нави таълим ва муаррифиҳои ҷолиб тавассути воситаҳои технологияи муосир бо таҳлилҳои ҳамаҷониба моҳияти мавзуъро фаҳмонд. Ҳамчунин дар машғулият тавассути бозиҳои таълимӣ ва масъалаҳое, ки доир ба мавзуи мавриди назар мувофиқ буд, истифода кард ва нақши онҳоро дар таълими математика шарҳу тавзеҳ дод. Мақсади машғулияти намунавӣ баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён оид ба татбиқи ҳосилаҳои хусусӣ ва дифференсиали пурра арзёбӣ гардид.
Гуфта шуд, ки баргузории дарсҳои кушоду намунавӣ ҷиҳати баланд бардоштани донишҳои назариявию амалии муҳассилин ва саҳмгузоштан дар эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” хеле муҳим мебошад.