Дарси тарбиявӣ
2024-11-05
Рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 барои мардуми тоҷик, санаи тақдирсози миллат мебошад, зеро маҳз дар ҳамин рӯз бо роҳи райпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Санаи 01.11.2024 сол дар факултети табиатшиносӣ ва тарбияи ҷисмонӣ бо роҳбарии ассистенти кафедраи биология-химия ва география Бобоева Озода дарси тарбиявӣ дар мавзӯи "Конститутсия-санади тақдирсози миллат" гузаронида шуд.
Дар ҷараёни дарс донишҷӯён шеъру гуфторҳо дар бораи Ватан - модар ироа намуданд. Аз ҷониби омӯзгор муҳтавои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷӯён фаҳмонида дода шуд.
Имрӯз Тоҷикистон бар пояи Конститутсияи худ метавонад дар саҳнаи сиёсати байналмиллалӣ ба тамоми кишварҳои ҷаҳон муносибати густардаву созанда ва мутобиқ ба манфиатҳои ҷонибҳоро мустақилона роҳандозӣ кунад.
Инчунин донишҷӯён дар бораи бобҳои Конститутсия сухан ронда, дар иҷрои донишҷӯён суруди гуруҳӣ, суруди якка ва рақси якка иҷро карда шуд. Дар охир сардори шуъбаи таълим, номзади илмҳои педагогӣ Азизов Хисрав суханронӣ намуда декани факултет Самадов Миршод ҷамъбаст намуданд