ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ДОНИШКАДАИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ
2024-11-05
ТАҶЛИЛИ РУЗИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ДОНИШКАДАИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ.
Бо ташаббуси декани факултаи Табиатшиноси ва тарбияи ҷисмонӣ Миршод Самадов имруз 5.11.2024 дар то- лори Қасри геологҳо чорабинииҳо хотирмоне бахшида ба сиюмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда гузашт.
Дар чорабинии мазкур кулли устодону донишҷуёни ДОТП ширкат варзиданд.
Ба чорабинии номбурда ректори ДОТП узви ректорони Аврупо, профессор Қудратзода Муаззамхон Ансорӣ бо сухани ифтитоҳи ҳусни оғоз бахшида, ҳамагонро бо Рӯзи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда,сипас баъзе аз устодону омӯзгорону донишҷӯёни фаъолро бо ифтихорномаю унвони Аълочии Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мушараф гардониданд.
Аз ҷумла ба ноиби ректор оид ба тарбия Сироҷзода Фотима Ифтихорномаи Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақдим намуданд.
Унвони Аълочии Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба устодон Бозоров Асомиддин, Шарифов Шариф, Муродов Файзулло, Самеҳова Додарой супорида шуд.
Донишҷӯёни факулта бо баромадҳояшон да дилҳо сурур бахшиданд. Аз таърихи кабули Конститутсия , ҳар як бобу моддаҳои онро шарҳу эзоҳ дода дар васфи Ватан шеърҳо қироат намуданд.
Азизов Мулобобо бо сароидани суруди Тоҷикистон хотири ҳамагонро болида гардониданд.
Чорабини хубу хотирмон гузашт.