Хабарҳо
-
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент хониши сиёсӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 19.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент бо иштироки олимону кормандони Иститути омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024 ва ҷашни 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хониши сиёсӣ баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад. Иброз гардид, ки Тоҷикистон имсол 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирад. Соли 1994 бо ибтикор ва ташаббуси Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санади сарнавиштсози миллат, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, дар раъйпурсии мардумӣ қабул шуд. Тоҷикистон таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи қабули Конститутсия ба эъмори Тоҷикистон шуруъ намуда, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ соҳиби мақому мавқеи арзанда гардид. Мақсад аз баргузор намудани хониши сиёсӣ байни ҷавонону донишҷӯён, пеш аз ҳама, баланд бардоштани маърифат, шуур ва фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон, инчунин дар роҳи худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ тарбия намудани онҳо мебошад.
2024-11-05 Муфассал -
Чорабинии фарҳангӣ
Дар Донишкадади омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент бахшида ба муносибати дӯстонаи байни миллатҳо, бахусус дӯстии байни халқҳои тоҷику чин, як чорабинии фарҳангӣ зери унвони “Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо” бо иштироки устодону шогирдони донишкада баргузор гардид. Барномаи пурмуҳтавои фарҳангӣ бо иштироки Фу Юпэн-директори генералии Маркази мусоидат ба мубодилаи фарҳангии Шамдун ва ҳамроҳонаш мутахассисони ҳамин марказро бо гулу гулдастаҳо пешвоз гирифтанд. Яке аз омилҳои ташрифи меҳмонон имзо кардани шартномаҳои ҳамкорӣ байни Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ва Донишгоҳи Шамдуни Хитой мебошад. Чорабинӣ дар рӯҳияи дӯстию ваҳдат ва қадрдонии арзишҳои миллии халқҳои тоҷику чин баргузор гардид.
2024-11-05 Муфассал -
Дарси тарбиявӣ
Рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 барои мардуми тоҷик, санаи тақдирсози миллат мебошад, зеро маҳз дар ҳамин рӯз бо роҳи райпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Санаи 01.11.2024 сол дар факултети табиатшиносӣ ва тарбияи ҷисмонӣ бо роҳбарии ассистенти кафедраи биология-химия ва география Бобоева Озода дарси тарбиявӣ дар мавзӯи "Конститутсия-санади тақдирсози миллат" гузаронида шуд. Дар ҷараёни дарс донишҷӯён шеъру гуфторҳо дар бораи Ватан - модар ироа намуданд. Аз ҷониби омӯзгор муҳтавои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷӯён фаҳмонида дода шуд. Имрӯз Тоҷикистон бар пояи Конститутсияи худ метавонад дар саҳнаи сиёсати байналмиллалӣ ба тамоми кишварҳои ҷаҳон муносибати густардаву созанда ва мутобиқ ба манфиатҳои ҷонибҳоро мустақилона роҳандозӣ кунад. Инчунин донишҷӯён дар бораи бобҳои Конститутсия сухан ронда, дар иҷрои донишҷӯён суруди гуруҳӣ, суруди якка ва рақси якка иҷро карда шуд. Дар охир сардори шуъбаи таълим, номзади илмҳои педагогӣ Азизов Хисрав суханронӣ намуда декани факултет Самадов Миршод ҷамъбаст намуданд
2024-11-05 Муфассал
Мақолаҳо
-
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ДОНИШКАДАИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ
ТАҶЛИЛИ РУЗИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ДОНИШКАДАИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ. Бо ташаббуси декани факултаи Табиатшиноси ва тарбияи ҷисмонӣ Миршод Самадов имруз 5.11.2024 дар то- лори Қасри геологҳо чорабинииҳо хотирмоне бахшида ба сиюмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда гузашт. Дар чорабинии мазкур кулли устодону донишҷуёни ДОТП ширкат варзиданд. Ба чорабинии номбурда ректори ДОТП узви ректорони Аврупо, профессор Қудратзода Муаззамхон Ансорӣ бо сухани ифтитоҳи ҳусни оғоз бахшида, ҳамагонро бо Рӯзи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда,сипас баъзе аз устодону омӯзгорону донишҷӯёни фаъолро бо ифтихорномаю унвони Аълочии Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мушараф гардониданд. Аз ҷумла ба ноиби ректор оид ба тарбия Сироҷзода Фотима Ифтихорномаи Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақдим намуданд. Унвони Аълочии Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба устодон Бозоров Асомиддин, Шарифов Шариф, Муродов Файзулло, Самеҳова Додарой супорида шуд. Донишҷӯёни факулта бо баромадҳояшон да дилҳо сурур бахшиданд. Аз таърихи кабули Конститутсия , ҳар як бобу моддаҳои онро шарҳу эзоҳ дода дар васфи Ватан шеърҳо қироат намуданд. Азизов Мулобобо бо сароидани суруди Тоҷикистон хотири ҳамагонро болида гардониданд. Чорабини хубу хотирмон гузашт.
2024-11-05 Муфассал -
Конференсияи илмӣ-амалии устодон
Факултети математика-информатикаи ДОТП : Конференсияи илмӣ – амалии устодон, унвонҷӯёну магистрантон ва донишҷӯён дар мавзӯи Роҳҳои тақвият додани методикаи таълими илмҳои дақиқ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ» бахшида ба амалигардонии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)».
2024-11-05 Муфассал