Хабарҳо
-
ДАРСИ НАМУНАВӢ
Дарси намунавӣ: МУАЙЯНКУНАНДАИ ТАРТИБИ ДУ ВА СЕ Бо мақсади тақвият бахшидан ба фаъолияти касбии омӯзгорон, амалӣ намудани методу усулҳои нави муосири таълим, истифодаи технологияи иттилоттию иртиботӣ, воситаҳои айёнӣ, шаклҳои гуногуни муаррифиҳои фаннӣ аз ҷониби омӯзгорон дар факултети математика-информатика, кафедраи математика- информатика дарси кушод аз тарафи устодон пайваста роҳандозӣ мегардад. Чунин иқдом аз ҷониби омӯзгор Ш. Давлатов аз фанни Алгебра ва назарияи ададҳо дар мавзӯи “Муайянкунандаи тартиби ду ва се” дар курси дуюми ихтисоси математика-информатика бо иштироки васеи устодони кафедра гузаронида шуд. Дар раванди дарс устод аз усулҳои фаъоли таълим, истифодаи тахтаи электронӣ, воситаҳои аёнӣ, усули корҳои тестӣ, саволу ҷавоб васеъ истифода намуда, тавонист моҳияти мавзуъро ба шогирдон кушода диҳад. Мавзӯи амалӣ ба барномаи таълимӣ мувофиқ буда, омӯзиши унсурҳои алгебравӣ зимни корҳои амалӣ аз тарафи донишҷӯён шарҳу эзоҳ дода шуд. Донишҷӯён дар раванди машғулияти амалӣ зимни ҳалли муайянкунандаҳо фаъолона иштирок намуданд. Аз ҷиҳати методӣ машғулияти амалӣ дуруст ташкил карда шуд, он тибқи низомномаи мактаби олӣ баргузор гардид. Дар интиҳо дарс аз ҷониби устодон таҳлил гардида, хулосаҳои устодону иштироккунандагон ба назар гирифта шуд.
2024-11-05 Муфассал
Мақолаҳо
-
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ДОНИШКАДАИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ
ТАҶЛИЛИ РУЗИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ДОНИШКАДАИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ. Бо ташаббуси декани факултаи Табиатшиноси ва тарбияи ҷисмонӣ Миршод Самадов имруз 5.11.2024 дар то- лори Қасри геологҳо чорабинииҳо хотирмоне бахшида ба сиюмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда гузашт. Дар чорабинии мазкур кулли устодону донишҷуёни ДОТП ширкат варзиданд. Ба чорабинии номбурда ректори ДОТП узви ректорони Аврупо, профессор Қудратзода Муаззамхон Ансорӣ бо сухани ифтитоҳи ҳусни оғоз бахшида, ҳамагонро бо Рӯзи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда,сипас баъзе аз устодону омӯзгорону донишҷӯёни фаъолро бо ифтихорномаю унвони Аълочии Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мушараф гардониданд. Аз ҷумла ба ноиби ректор оид ба тарбия Сироҷзода Фотима Ифтихорномаи Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақдим намуданд. Унвони Аълочии Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба устодон Бозоров Асомиддин, Шарифов Шариф, Муродов Файзулло, Самеҳова Додарой супорида шуд. Донишҷӯёни факулта бо баромадҳояшон да дилҳо сурур бахшиданд. Аз таърихи кабули Конститутсия , ҳар як бобу моддаҳои онро шарҳу эзоҳ дода дар васфи Ватан шеърҳо қироат намуданд. Азизов Мулобобо бо сароидани суруди Тоҷикистон хотири ҳамагонро болида гардониданд. Чорабини хубу хотирмон гузашт.
2024-11-05 Муфассал -
Конференсияи илмӣ-амалии устодон
Факултети математика-информатикаи ДОТП : Конференсияи илмӣ – амалии устодон, унвонҷӯёну магистрантон ва донишҷӯён дар мавзӯи Роҳҳои тақвият додани методикаи таълими илмҳои дақиқ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ» бахшида ба амалигардонии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)».
2024-11-05 Муфассал